Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
Арзиши пули Русия дар Тоҷикистон баъди уфти муваққатӣ, майли болоравӣ дошта, қурби пули амрикоӣ бетағйир ва қимати пули аврупоӣ поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қурби 100 рубли русӣ дар Тоҷикистон 165,5 сомониро ташкил медиҳад, хабар дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод рӯзи қабл муодили 0.1645 сомонӣ буд.
Ба иттилои БМТ, арзиши амрикоӣ дар кишвар бетағйир боқӣ монда, 1 доллар баробари 10.2361 сомонӣ мебошад. Арзиши 1 евро каме поин рафта, дар сатҳи 10.0979 сомонӣ қарор дорад.
Дар мавриди фурӯши асъори нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки 1 доллар ба ивази 10.2361 то 10.0500 сомонӣ, 1 евро аз 10.0979 то 10.0000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ бо нархи 165,5 то 168 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Путин гуфт, эътимод ба доллару евро кам шуд: бо айби кӣ?
БМТ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод ҳушдор додаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Маврид ба зикр аст, ки рубли Русия ахиран дар биржаи Маскав низ боло рафта, ҳудуди 59 рубл сари як долларро ташкил дод. Тавзеҳ дода мешавад, ки сарфи назар аз таваккалҳои геосиёсӣ қурби рубл ба он далел боло меравад, ки содиркунандагон қисми даромади асъорияшонро мефурӯшанд, аммо талабот ба он аз ҷониби содиркунандагон кам аст.
Лентаи хабарҳо
0