Мақомоти Тоҷикистон ба вилояти Суғд 45 мошин кумаки башардӯстона фиристоданд

© Пресс-служба администрации Согдийской областиГуманитарная помощь жителям Согда
Гуманитарная помощь жителям Согда   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
Ба деҳаҳои зарардидаи Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои барқарорсозии биноҳои истиқоматӣ пас аз таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон кумак расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Корвони мошинҳои боркаш бо кумаки моддии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд фиристода шуд.
Кумаки башардӯстона барои сокинони маҳаллӣ, ки дар муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон осеб дидаанд, пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят.
Аз номи сарвари давлат барои дастгирии иҷтимоиву иқтисодии сокинон ва аъзои хонаводаи қурбониён кумак расонида мешавад.
Ҳамин тавр, аллакай колоннаи иборат аз 45 мошини боркаш ба Исфара расид, ки маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи бинокорӣ овард.
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз хонаи қурбониёни даргирӣ дар марз бо Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳамдардии Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо аз ҳамлаи нерӯҳои қирғиз дар марз
Ба иттилои манбаъ, маводи кумакӣ 500 тонна семент, 220 куб ҳезум, шифер, фанер, мех, шиша, ҳамзамон дар арафаи сармо 250 тонна ангишт, инчунин 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар оварда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин дар байни сокинони деҳаҳои Чоркух, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи Исфара, инчунин ҷамоатҳои Овчиқалача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақсим мешавад.
Илова бар ин, гуфта мешавад, ки шаҳрвандон ва соҳибкорони ғамхор низ кумакҳои башардӯстона ба хонаводаҳои осебдидаро идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0