Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чанд нафар ва чаро? Шойгу гуфт, киҳо ба артиш сафарбар мешаванд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЮжный сектор специальной военной операции
Южный сектор специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия захираи сафарбарсозии кишварро беш аз 25 млн нафар арзёбӣ кард, ки аз хидмати ҳарбӣ гузаштаанду малакаи низомӣ доранд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар доираи сафарбарсозии қисмӣ 300 ҳазор нафар аз нерӯҳои захиравӣ ба артиш ҷалб хоҳанд шуд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки донишҷӯён ҷалб нахоҳанд шуд ва ҳамчунин сарбозоне, ки тибқи даъват ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гардидаанд, ба минтақаи амалиёт фиристода нахоҳанд шуд.
Дар мавриди зарурати сафарбарсозии қисмӣ Шойгу гуфт, ки беш аз як ҳазор километр хатти баҳамоӣ мавҷуд аст, ки онро устувор кардан даркор ва барои ин чораандешӣ мешавад.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Шойгу теъдоди талафоти Русия ва Украинаро гуфт
Фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Лентаи хабарҳо
0