https://sputnik.tj/20220921/pinhonsozi-asliha-vaznin-tojikiston-dushanbe-1051569211.html
Пинҳонсозии аслиҳа ва парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон: ҳушдори Душанбе
Пинҳонсозии аслиҳа ва парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон: ҳушдори Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Душанбе ҳушдор додаст, ки идомаи моҷароҷӯӣ ва фиребкориҳои ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистонро, чун омодагӣ ба ҳамлаи навбатӣ баҳо медиҳад
2022-09-21T10:30+0500
2022-09-21T10:30+0500
2022-09-21T18:31+0500
марз
дар тоҷикистон
қирғизистон
амният ва мудофиа
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
сарҳад
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон аслиҳаи вазнини ҷангиро пинҳонӣ ҷамъ оварда, бо бесарнишинҳо дар навоҳии ҶТ, аз ҷумла болои қисмҳои низомӣ парвозҳо анҷом дода истодааст. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз паёмади чунин моҷароҷӯӣ ҳушдор дод. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19 ва 20 сентябр парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Тоҷикистон сабт гардидаст. ТТаъкид шудааст, ки ҳамчунин бесарнишинҳои Қирғизистон аз болои дидбонгоҳҳои марзии "Сарҳадчӣ" ва "Ширинчашма" дар ноҳияи Лахш, "Росровут" ва "Муряк" дар ноҳияи Деваштич ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон парвозҳо анҷом додаанд.ВУХ Тоҷикистон афзудааст, ки ҳамчунин ҷониби Қирғизистон фиребкорӣ намуда, пас гардондани техникаи ҷангии вазнинро вонамуд мекунад, аммо дар асл ин навъи силоҳро дар навоҳии марзии Лайлаку Чон-Олой нигоҳ дошта истодааст. Аз ҷумла аз пинҳон намудани 4 техникаи вазнин - БТР, БМП, БРДМ ва Дастгоҳи зеннитии 22 мм дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Лахш, 12 адад техникаи вазнин дар наздикии маҳалли аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодом хабар дода шудааст. Инчунин таъкид гардидааст, ки дар фосилаи кам аз дидбонгоҳи сарҳадии "Нуробод" дар ноҳияи Деваштич ҳузури нерӯҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон дар ҳайати 70 нафар сабт гардидаст. Ҷониби Тоҷикистон Қирғизистон ба риояи қатъии санадҳои имзошуда даъват намуда, ҳушдор додаст, ки дар акси ҳол ин иқдом чун омодагӣ ба таҷовузкории навбатии ҶҚ арзёбӣ хоҳанд шуд. Паёмади чунин моҷароҷӯӣ ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд, таъкид намуд ВУХ Тоҷикистон. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.
https://sputnik.tj/20220921/khona-tuy-omoda-tirboron-marzi-domodshavanda-video-1051563857.html
https://sputnik.tj/20220920/hamdard-rahmon-nazdikon-kushta-qirghiz-marz-1051548060.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, душанбе, оқибат, бишкек
ҳушдор, душанбе, оқибат, бишкек
Пинҳонсозии аслиҳа ва парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон: ҳушдори Душанбе
10:30 21.09.2022 (Навсозишуда: 18:31 21.09.2022) Душанбе ҳушдор додаст, ки идомаи моҷароҷӯӣ ва фиребкориҳои ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистонро чун омодагӣ ба ҳамлаи навбатӣ баҳо медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон аслиҳаи вазнини ҷангиро пинҳонӣ ҷамъ оварда, бо бесарнишинҳо дар навоҳии ҶТ, аз ҷумла болои қисмҳои низомӣ парвозҳо анҷом дода истодааст.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз паёмади чунин моҷароҷӯӣ ҳушдор дод.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19 ва 20 сентябр парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Тоҷикистон сабт гардидаст. Т
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин бесарнишинҳои Қирғизистон аз болои дидбонгоҳҳои марзии "Сарҳадчӣ" ва "Ширинчашма" дар ноҳияи Лахш, "Росровут" ва "Муряк" дар ноҳияи Деваштич ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон парвозҳо анҷом додаанд.
ВУХ Тоҷикистон афзудааст, ки ҳамчунин ҷониби Қирғизистон фиребкорӣ намуда, пас гардондани техникаи ҷангии вазнинро вонамуд мекунад, аммо дар асл ин навъи силоҳро дар навоҳии марзии Лайлаку Чон-Олой нигоҳ дошта истодааст.
Аз ҷумла аз пинҳон намудани 4 техникаи вазнин - БТР, БМП, БРДМ ва Дастгоҳи зеннитии 22 мм дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Лахш, 12 адад техникаи вазнин дар наздикии маҳалли аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодом хабар дода шудааст.
Инчунин таъкид гардидааст, ки дар фосилаи кам аз дидбонгоҳи сарҳадии "Нуробод" дар ноҳияи Деваштич ҳузури нерӯҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон дар ҳайати 70 нафар сабт гардидаст.
Ҷониби Тоҷикистон Қирғизистон ба риояи қатъии санадҳои имзошуда даъват намуда, ҳушдор додаст, ки дар акси ҳол ин иқдом чун омодагӣ ба таҷовузкории навбатии ҶҚ арзёбӣ хоҳанд шуд. Паёмади чунин моҷароҷӯӣ ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд, таъкид намуд ВУХ Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.