https://sputnik.tj/20220921/mironov-rezhimi-zelenskiy-nobud-1051576547.html
Миронов: Режими Зеленский нобуд карда мешавад
Миронов: Режими Зеленский нобуд карда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ҳизби “Русияи одил” мегӯяд, ки баъд аз пайвастан ба Русия минтақаҳои нав режими Владимир Зеленский дар Украина нобуд карда мешавад
2022-09-21T15:15+0500
2022-09-21T15:15+0500
2022-09-21T18:49+0500
дар русия
украина
нобуд кардан
режим
владимир зеленский
сергей миронов
вакил
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102061/13/1020611325_0:58:2858:1666_1920x0_80_0_0_4bfa5bd831014e5b5acbfd818ca3a61e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Пас аз ҳамапурсӣ дар бораи пайвастани Донбасс ва қаламравҳои озодшуда ба ҳайати Русия режими Владимир Зеленский аз байн бурда мешавад, гуфт ба хабарнигорон Сергей Миронов, раҳбари ҳизби "Русияи одил - барои ҳақиқат"."Мо аз тасмими раисиҷумҳури худ ҷонибдорӣ мекунем. Ман қаблан гуфта будам, ки дар ояндаи наздик амалиёти вижаи низомӣ метавонад ба як амалиёти зиддитеррористӣ табдил ёбад. Пас аз баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди эътирофи қаламравҳои озодшуда ҳамчун ҷузъи Русия ҳама чиз ҳамин гуна хоҳад буд. Режими Зеленский бояд ва нобуд хоҳд шуд", - гуфт ӯ.Вакили парлумони Русия гуфт, нақшаҳои Лаҳистон ва Маҷористон барои тақсими Украина мушкили худи режими Зеленский хоҳад буд. Ба гуфтаи Миронов, вазифаи Русия озод кардани кишвари ҳамсоя аз фашистон аст.Ёдовар мешавем, ки ахиран Фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.Владимир Путин дар муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба дорад.Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳад буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.Вай зарурати ин иқдомро ба таъмини амнияти ватану шаҳрвандон рабт дода, афзуд, ки феълан алайҳи ғарб мубориза рафта истодааст. Ӯ аз ҷумла таъминоти Украинаро бо аслиҳаи муосир зикр карда, таъкид намуд, ки бо тамоми васоил маълумоти истихборотиро ҷамъ меоранду пешниҳод мекунанд.Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220921/navor-komil-murojiat-donbass-video-1051570199.html
https://sputnik.tj/20220921/shoygu-talafoti-rusiya-ukraina-1051572088.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102061/13/1020611325_127:0:2858:2048_1920x0_80_0_0_a2623e7aa02be3dbd87031ead82afd08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, режим, зеленский, нобуд, вакил, парлумон, сергей миронов, ҳизб, "русияи одил"
русия, украина, режим, зеленский, нобуд, вакил, парлумон, сергей миронов, ҳизб, "русияи одил"
Миронов: Режими Зеленский нобуд карда мешавад
15:15 21.09.2022 (Навсозишуда: 18:49 21.09.2022) Раҳбари ҳизби “Русияи одил” мегӯяд, ки баъд аз ба Русия пайвастани минтақаҳои нав режими Владимир Зеленский дар Украина нобуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Пас аз ҳамапурсӣ дар бораи пайвастани Донбасс ва қаламравҳои озодшуда ба ҳайати Русия режими Владимир Зеленский аз байн бурда мешавад, гуфт ба хабарнигорон Сергей Миронов, раҳбари ҳизби "Русияи одил - барои ҳақиқат".
"Мо аз тасмими раисиҷумҳури худ ҷонибдорӣ мекунем. Ман қаблан гуфта будам, ки дар ояндаи наздик амалиёти вижаи низомӣ метавонад ба як амалиёти зиддитеррористӣ табдил ёбад. Пас аз баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди эътирофи қаламравҳои озодшуда ҳамчун ҷузъи Русия ҳама чиз ҳамин гуна хоҳад буд. Режими Зеленский бояд ва нобуд хоҳд шуд", - гуфт ӯ.
Вакили парлумони Русия гуфт, нақшаҳои Лаҳистон ва Маҷористон барои тақсими Украина мушкили худи режими Зеленский хоҳад буд. Ба гуфтаи Миронов, вазифаи Русия озод кардани кишвари ҳамсоя аз фашистон аст.
“Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба бародаронамон барои пурра озод кардани хоки Украина аз фашистон ёрӣ расонем”, — гуфт Миронов.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин дар муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба дорад.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳад буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Вай зарурати ин иқдомро ба таъмини амнияти ватану шаҳрвандон рабт дода, афзуд, ки феълан алайҳи ғарб мубориза рафта истодааст. Ӯ аз ҷумла таъминоти Украинаро бо аслиҳаи муосир зикр карда, таъкид намуд, ки бо тамоми васоил маълумоти истихборотиро ҷамъ меоранду пешниҳод мекунанд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.