https://sputnik.tj/20220921/jonibdori-oson-shahrvandi-rusiya-muhojiron-1051575985.html
Ҷонибдорӣ аз додани осони шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирон: бо кадом шарт?
Ҷонибдорӣ аз додани осони шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирон: бо кадом шарт?
Sputnik Тоҷикистон
Тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки омодаи хидмати ҳарбиянду барои анҷоми он шартнома мебанданд, сода карда мешавад
2022-09-21T14:40+0500
2022-09-21T14:40+0500
2022-09-21T18:47+0500
дар русия
муҳоҷират
шаҳрвандӣ
хизмат
ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449419_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_80da0c2f16431589c57819576b1f5a80.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсия қонуни дар дарёфти мақоми шаҳрвандии Русия ба шеваи осон барои хориҷиёнро пуштибонӣ кард.Бар асоси ин санад, раванди шаҳрвандигирӣ барои хориҷиёне содаю тезонда хоҳад шуд, ки барои хидмати ҳарбӣ дар Русия қарордод мебанданд. Дар ин сурат муҳоҷирон метавонанд бидуни пешниҳоди санади иҷозаи иқомат ва бидуни ҳузури бетанаффуси 5-сола дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд. Муқаррар шудааст, ки шартномаи аввал дар мавриди хизмати ҳарбӣ бо хориҷиён барои як сол баста мешавад. Дар назар аст, ки қонуни ҷадид барои тасвиб ба Шӯрои федератсия пешниҳод карда шавад. Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ҳукумати шаҳр дар маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷиратии Сахарово инфрасохтори муносиберо барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ фароҳам хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ низоми соддакардашуда барои шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон амал мекунад. Аз нимаи моҳи июли соли 2021 шаҳрвандони кишварҳои зикршуда ҳақ доранд, ки бидуни квота иҷозаи иқомат гиранду сипас шаҳрвандии ФР-ро соҳиб шаванд.
https://sputnik.tj/20220908/giriftan-shahrvandi-rusiya-muhojiron-oson-1051238758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449419_272:0:2767:1871_1920x0_80_0_0_b8613371914035ea2eaa2635d76acbfd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвиб, шаҳрвандигирӣ, хориҷиҳо, русия
тасвиб, шаҳрвандигирӣ, хориҷиҳо, русия
Ҷонибдорӣ аз додани осони шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирон: бо кадом шарт?
14:40 21.09.2022 (Навсозишуда: 18:47 21.09.2022) Тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки омодаи хидмати ҳарбиянду барои анҷоми он шартнома мебанданд, сода карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсия қонуни дар дарёфти мақоми шаҳрвандии Русия ба шеваи осон барои хориҷиёнро пуштибонӣ кард.
Бар асоси ин санад, раванди шаҳрвандигирӣ барои хориҷиёне содаю тезонда хоҳад шуд, ки барои хидмати ҳарбӣ дар Русия қарордод мебанданд.
Дар ин сурат муҳоҷирон метавонанд бидуни пешниҳоди санади иҷозаи иқомат ва бидуни ҳузури бетанаффуси 5-сола дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шартномаи аввал дар мавриди хизмати ҳарбӣ бо хориҷиён барои як сол баста мешавад. Дар назар аст, ки қонуни ҷадид барои тасвиб ба Шӯрои федератсия пешниҳод карда шавад.
Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, ҳукумати шаҳр дар маркази бисёрманзураи бахши муҳоҷиратии Сахарово инфрасохтори муносиберо барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати низомӣ фароҳам хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ низоми соддакардашуда барои шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон амал мекунад. Аз нимаи моҳи июли соли 2021 шаҳрвандони кишварҳои зикршуда ҳақ доранд, ки бидуни квота иҷозаи иқомат гиранду сипас шаҳрвандии ФР-ро соҳиб шаванд.