Тавлиди ангишт дар Тоҷикистон - тасвирбаён

Обуна шудан
Тоҷикистон, ки феълан 14 корхонаи истихроҷи ангишт дорад, ба нақша гирифтааст, то охири соли равон ҳудуди 2,7 млн тонна аз ин маҳсул фароварӣ намояд
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо назардошти талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва корхонаҳои саноатӣ тавлиди зиёда аз 2,7 млн тон ангиштро ба нақша гирифтааст, ки 1,4 млн тони он ба фурӯш бароварда мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, ба ҳолати охири моҳи августи соли равон, нархи ангишт дар Тоҷикистон 20-25% боло рафта, 1 тоннаи он дар конҳои ҷумҳурӣ аз 200 то 400 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда, арзиши он дар минтақаҳо аз 600-800 то 1000 сомонӣ мебошад.
Афзоиши тавлиду содироти ангишт дар Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки ба хориҷи кишвар як тонна ангишт аз 40 то 70 доллар ба фурӯш бароварда мешавад. Аз ҷумлаи харидорони ангишти кишвар, Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон зикр гардидаанд.
Бар асоси иттилои расмӣ, ҳаҷми захираи ангишт дар Тоҷикистон ҳудуди 4,5 млрд тонна муайян карда шудааст.
Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0