https://sputnik.tj/20220920/erdughon-turkiya-azmash-sui-shsh-1051542651.html
Эрдуғон: Туркия барои азмаш сӯйи СҲШ пеши Аврупо ҳисобот намедиҳад
Эрдуғон: Туркия барои азмаш сӯйи СҲШ пеши Аврупо ҳисобот намедиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркия изҳор дошт, ки дар масъалаи иштирок дар ҳамоишҳою мулоқот бо роҳбарони давлатҳои гуногун пеши Аврупо ҳисобот намедиҳад
2022-09-20T11:40+0500
2022-09-20T11:40+0500
2022-09-20T13:56+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
раҷаб тайиб эрдуғон
туркия
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049060573_0:0:1874:1054_1920x0_80_0_0_ce8411c803e7f9930c8965a89c9a7f2e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Туркия барои иштирокаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пеши Иттиҳоди Аврупо ҳисобот намедиҳад. Ин нуктаро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, зимни мусоҳиба бо расонаҳо баён дошт. Ӯ ахиран дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд иштирок карда, инчунин аз азми Туркия барои узвият дар ин созмон хабар дод. Дар пасманзари ин эълон бархе аз мақомдорони аврупоӣ, аз ҷумла узви парлумони Олмон эълон доштанд, ки азми Анқара барои узвият дар СҲШ набояд бидуни посух аз сӯи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО гузошта шавад. Дар ҳоле, ки чигунагии посухи ИА маълум нест, Эрдуғон фавран вокуниш карду аламҳои нимасрааш аз ин иттиҳодро хотиррасон намуд. "Иттиҳоди Аврупо моро 52 сол бозмедорад, наздикшавӣ намемонад ва баъдан суол мегузорад: Чаро бо ин ё он кишвар мулоқот кардед? Ман гуфтушунидҳоро анҷом медиҳам. Феълан мо ба Иттиҳоди Аврупо ҳисоботдиҳанда нестем", - гуфт Эрдуғон. Вай таъкид намуд, ки бо роҳбарони кишварҳои гуногун мулоқот мекунад, аз ҷумла бо роҳбари Чин, Си Ҷинпин ва президенти Русия, Владимир Путин. Маврид ба зикр аст, ки Эрдуғон қабл аз сафараш ба Самарқанд барои иштирок дар ҷаласаи СҲШ изҳор дошта буд, ки аз тариқи чунин ҳамоишҳо ҳайати кишвар ба ҷустуҷӯи роҳҳои рушди ҳуқуқу манфиатҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ машғул хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220916/saroni-kishvarho-uzvi-shsh-izhornoma-samarqandro-imzo-1051476543.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/09/1049060573_100:0:1823:1292_1920x0_80_0_0_48b4d7b92bb388811f42a7b1eda54d09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрдуғон, иттиҳоди аврупо, ҳисоботдиҳанда
эрдуғон, иттиҳоди аврупо, ҳисоботдиҳанда
Эрдуғон: Туркия барои азмаш сӯйи СҲШ пеши Аврупо ҳисобот намедиҳад
11:40 20.09.2022 (Навсозишуда: 13:56 20.09.2022) Раисҷумҳури Туркия изҳор дошт, ки дар масъалаи иштирок дар ҳамоишҳою мулоқот бо роҳбарони давлатҳои гуногун пеши Аврупо ҳисобот намедиҳад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Туркия барои иштирокаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пеши Иттиҳоди Аврупо ҳисобот намедиҳад.
Ин нуктаро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, зимни мусоҳиба бо расонаҳо баён дошт. Ӯ ахиран дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд иштирок карда, инчунин аз азми Туркия барои узвият дар ин созмон хабар дод.
Дар пасманзари ин эълон бархе аз мақомдорони аврупоӣ, аз ҷумла узви парлумони Олмон эълон доштанд, ки азми Анқара барои узвият дар СҲШ набояд бидуни посух аз сӯи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО гузошта шавад.
Дар ҳоле, ки чигунагии посухи ИА маълум нест, Эрдуғон фавран вокуниш карду аламҳои нимасрааш аз ин иттиҳодро хотиррасон намуд.
"Иттиҳоди Аврупо моро 52 сол бозмедорад, наздикшавӣ намемонад ва баъдан суол мегузорад: Чаро бо ин ё он кишвар мулоқот кардед? Ман гуфтушунидҳоро анҷом медиҳам. Феълан мо ба Иттиҳоди Аврупо ҳисоботдиҳанда нестем", - гуфт Эрдуғон.
Вай таъкид намуд, ки бо роҳбарони кишварҳои гуногун мулоқот мекунад, аз ҷумла бо роҳбари Чин, Си Ҷинпин ва президенти Русия, Владимир Путин.
Маврид ба зикр аст, ки Эрдуғон қабл аз сафараш ба Самарқанд барои иштирок дар ҷаласаи СҲШ изҳор дошта буд, ки аз тариқи чунин ҳамоишҳо ҳайати кишвар ба ҷустуҷӯи роҳҳои рушди ҳуқуқу манфиатҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ машғул хоҳад шуд.