https://sputnik.tj/20220919/smm-maskav-kiev-nochiz-arzyobi-1051517777.html
СММ имконоти феълиро барои сулҳ миёни Маскав ва Киев "ночиз" арзёбӣ кард
СММ имконоти феълиро барои сулҳ миёни Маскав ва Киев "ночиз" арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки Маскав аз идомаи амалиёт барои иҷрои аҳдоф ва Киев барои озод кардани қаламравҳои аздастрафтааш мегӯянд, имкони музокирот миёни кишварҳо кам аст
2022-09-19T13:18+0500
2022-09-19T13:18+0500
2023-02-08T19:45+0500
смм
украина
антониу гуттериш
амалиёти вижа
дар ҷаҳон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4a22f9acec0dbd16e87ee6326cd2bc9c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. То музокироти мустақим миёни раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамтои украинияш Владимир Зеленский хеле вақт аст, мегӯяд Антониу Гутерриш, дабир кулли СММ дар мусоҳиба бо РИА "Новости".Вай афзуд, ки омода аст шахсан дар чунин музокирот кумак кунад, аммо ин ба хоҳиши сарони ду кишвар вобаста аст.Ба гуфтаи дабири кулл, шонси имзои созишномаи сулҳ миёни Киев ва Маскав ҳанӯз хеле кам аст.Ӯ мегӯяд, изҳороти раҳбарони ду кишвар, ки яке аз идомаи амалиёти вижа то поёни аҳдоф мегӯяду дигаре аз азод кардани қаламравҳои таҳди идораи дигаре. Табиисти ки дар чунин вазъ ҳамоӣ душвор ва аз имкон берун аст. Вай дар баробари ин роҳандозии маҳдудиятҳои раводиди сафар барои русиягиҳо дар Аврупоро "фикри на он қадар хуб" номид.Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220919/noumedihoi-vashingtonu-brussel-az-prezidenti-ukraina-1051515158.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_293:0:1733:1080_1920x0_80_0_0_3e29182b4cb66173f51d6841f6e2222f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм сулҳ маскав киев
СММ имконоти феълиро барои сулҳ миёни Маскав ва Киев "ночиз" арзёбӣ кард
13:18 19.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Дар ҳоле, ки Маскав аз идомаи амалиёт барои иҷрои аҳдоф ва Киев барои озод кардани қаламравҳои аздастрафтааш мегӯянд, имкони музокирот миёни кишварҳо кам аст
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. То музокироти мустақим миёни раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамтои украинияш Владимир Зеленский хеле вақт аст, мегӯяд Антониу Гутерриш, дабир кулли СММ дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
"Фикр мекунам, фароҳам овардани шароит барои ноил шудан ба сулҳ мувофиқи Оинномаи СММ, бо ҳуқуқи байналмилалӣ муҳим аст, аммо агар шумо воқеӣ фикр кунед, ман фикр мекунам, ки мо ҳанӯз аз ин имкон дур ҳастем ва эҳтимолан музокироти мустақими байни онҳо душвор хоҳад буд", - гуфт Гутерриш.
Вай афзуд, ки омода аст шахсан дар чунин музокирот кумак кунад, аммо ин ба хоҳиши сарони ду кишвар вобаста аст.
Ба гуфтаи дабири кулл, шонси имзои созишномаи сулҳ миёни Киев ва Маскав ҳанӯз хеле кам аст.
Ӯ мегӯяд, изҳороти раҳбарони ду кишвар, ки яке аз идомаи амалиёти вижа то поёни аҳдоф мегӯяду дигаре аз азод кардани қаламравҳои таҳди идораи дигаре. Табиисти ки дар чунин вазъ ҳамоӣ душвор ва аз имкон берун аст.
Вай дар баробари ин роҳандозии маҳдудиятҳои раводиди сафар барои русиягиҳо дар Аврупоро "фикри на он қадар хуб" номид.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.