Сайри Роғун: қарори ҳукумат барои ташкили минтақаи махсус

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон побывал на строящейся плотине Рогунской ГЭС
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон побывал на строящейся плотине Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон мақомоти кишварро муваззаф кардааст, ки дар давоми 3 моҳ ба ҳукумат барномаи рушди минтақаи сайёҳӣ дар Роғунро пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Тоҷикикистон минтақаи сайёҳии "Роғун" ташкил карда шуд. Қарори ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.
Бар асоси қарор, мақомоти иҷроияи Роғун, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва идораю вазоратҳои дигари дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои равнақи ин минтақа чораандешӣ намоянд.
Аз ҷумла мақомот муваззаф гардидаанд, ки масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии минтақаи сайёҳии "Роғун" - ро ҳал намоянду дар давоми се моҳ ба ҳукумат лоиҳаи Барномаи рушди ин минтақаро пешниҳод намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе дар майдони сохтмони Роғун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Раҳмон гуфт, кай ва аз куҷо барои анҷоми сохтмони "Роғун" пул ҷалб мешавад
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба нерӯгоҳи "Роғун" ба роҳи ҷумҳуриявии то даромадгоҳи шаҳр таваҷҷуҳ карда, барои навсозии он дастур дод. Роҳи даромади шаҳри Роғун аз роҳи байналмилалии Душанбе - Ваҳдат - Лахш шурӯъ шуда, то маркази шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии "Роғун" 11 километрро ташкил медиҳад.
Ташкили минтақаи сайёҳӣ дар Роғун дар ҳолест, ки он ҷо калонтарин нерӯгоҳи обӣ дар минтақа бунёд шуда истодааст.
Тоҷикистон азм дорад, ки сохтмони ин нерӯгоҳро вусъат бахшад ва хоҳишмандони дидани минтақа чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ зиёд арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0