Муаррифии лоиҳаи нави филми тасвирии Бекмамбетов дар бораи Хоҷа Насриддин — видео

Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии синамои Тошканд ба Ӯзбекистон Тимур Бекмамбетов сафар кард. Вай гуфт, дар бораи Хоҷа Насриддин филми тасвирӣ гирифтааст
Тимур Бекмамбетов, коргардони рус дар чаҳорчӯби барномаи таълимии Ҷашнвораи XIV байналмилалии Тошканд филми тасвирӣ дар бораи саргузашти Хоҷа Насриддинро муаррифӣ кард.
Вай дар сӯҳбат бо Sputnik дар бораи чӣ гуна як мактаби филмҳои тасвирӣ дар якҷоягӣ бо Оҷонсии синамои ҷумҳурӣ ва чӣ гуна пайдо шудани як филми тасвирӣ дар бораи Хоҷа Насриддин, ки аз ҷониби 15 дастпарвари ин студия офарида шудааст, нақл кард.
Сюжети филми тасвирӣ дар бораи он аст, ки хари тарсончак ва мутеъ, ки орзуи зиндагии ором дар оғилро дорад, бо амри тақдир бо Хоҷа Насриддин вомехурад.
"Ин ҳикоя дар бораи арзишҳои асосии ҳаёти мо - дар бораи дӯстии ҳақиқӣ ва муҳаббати абадӣ, инчунин дар бораи Шарқи ҷолиб, афсонавӣ ва мафтункунанда аст", -гуфт коргардони рус.
Соли гузашта Темур Бекмамбетов якҷо бо Ожонси синамои Ӯзбекистон дар Тошканд як мактаби аниматсионӣ ифтитоҳ кард ва филми тасвирӣ дар бораи Хоҷа Насриддин аввалин лоиҳаи 15 хатмкардаи ин мактаб буд.
Қарор аст, “Хоҷа Насриддин” дар баҳори соли 2024 барои тамошобинон дастрас шавад.
Лентаи хабарҳо
0