Президент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия 30 сол пур мешавад. Русия, ки аввалин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии ҷумҳуриро эътироф намуд.

Соҳибкорони Свердловски Русия дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ бунёд мекунанд?

© Министерство экономики и торговли ТаджикистанВстреча с деловыми кругами Свердловска
Встреча с деловыми кругами Свердловска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2022
Обуна шудан
Дар Душанбе масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон бо ҳайати вилояти Свердловски Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо вилояити Свердловски Русия, аз қабили корхонаҳои бофандагӣ ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоии тайёр дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисоди кишвар.
Ин масъала зимни дидори Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳайати вилояти Свердловски Русия бо роҳбарии муовини раиси ин вилоят Василий Козлов ва Вазири ҳамкории иқтисодии хориҷии вилоят Вячеслав Ярин баррасӣ гардид.
Гуфта шудааст, ки ин иқдом бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон гирифта шудааст.
Грузовики перевозят грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2022
Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон ба як миллиард доллар наздик шуд
Вазорати рушди иқтисод ва савдо зикр кардааст, ки зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар сол ба сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.
Инчунин муовини вазир афзуд, ки дар моҳҳои январ-июли соли 2022 гардиши савдо миёни ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 41,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон ҷонибҳо таъкид намуданд, ки новобаста аз сатҳи хуби ҳамкории кунунӣ миёни ду кишвар имконияти зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона гузашт, ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро ба вилояти Свердловски Русия баррасӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0