https://sputnik.tj/20220916/rahmon-kishvarho-uzvi-shsh-1051453066.html
Раҳмон аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ хост, пешниҳодҳояшро ҷонибдорӣ кунанд
Раҳмон аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ хост, пешниҳодҳояшро ҷонибдорӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаи тағйирёбии иқлимро ба миён гузошта, аз нобудшавии пиряхҳо нигаронӣ кард
2022-09-16T21:20+0500
2022-09-16T21:20+0500
2022-09-16T21:20+0500
дар тоҷикистон
пирях
гармшавии иқлим
об
сҳш
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051457499_0:294:3119:2048_1920x0_80_0_0_3876dd8d983de1a3d28eeeb6b3c5dbd7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хост, пешниҳодҳояш дар мавриди ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ намоянд. Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд изҳор дошт, ки тайи 40 соли охир беш аз 1 ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафтанд. Бо назардошти ин раванд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. Ӯ ҳамчунин масъалаи таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузошта, хостори ҳимоят аз ин ташаббусҳо шуд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар нишастҳои байналмилалӣ ба миён гузошта буд. Ӯ изҳори нигаронӣ карда буд, ки пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидаастБа иттилои раисҷумҳур, барои пажуҳиши пиряхҳо, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.Инчунин бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.
https://sputnik.tj/20220721/toqaev-harorati-osiyo-markazi--1050163317.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051457499_47:0:2778:2048_1920x0_80_0_0_d7397f8f4635339482ce09d31e2d9aa2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нобудшавӣ, пиряхҳо, нигаронӣ, эмомалӣ раҳмон
нобудшавӣ, пиряхҳо, нигаронӣ, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ хост, пешниҳодҳояшро ҷонибдорӣ кунанд
Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаи тағйирёбии иқлимро ба миён гузошта, аз нобудшавии пиряхҳо нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хост, пешниҳодҳояш дар мавриди ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ намоянд.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд изҳор дошт, ки тайи 40 соли охир беш аз 1 ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафтанд.
Бо назардошти ин раванд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. Ӯ ҳамчунин масъалаи таъсиси Бунёди ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузошта, хостори ҳимоят аз ин ташаббусҳо шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар нишастҳои байналмилалӣ ба миён гузошта буд.
Ӯ изҳори нигаронӣ карда буд, ки пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст
Ба иттилои раисҷумҳур, барои пажуҳиши пиряхҳо, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст.
Инчунин бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.