Президент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия 30 сол пур мешавад. Русия, ки аввалин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии ҷумҳуриро эътироф намуд.

Табодули коло миёни Тоҷикистону Русия зиёд шуд: кишварҳо ба якдигар чӣ мефурӯшанд?

Обуна шудан
Додугирифти Тоҷикистону Русия дар ҳоли рушд аст. Танҳо дар 7 моҳи соли 2022 Маскав ва Душанбе дар додугирифти мол ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд
Гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки кишварҳо тавонистаанд дар 7 моҳи аввали соли 2022 ба чунин натиҷаҳо ноил шаванд.
Абдураҳмонзода дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Русия, ки дар пойтахт ҷараён дорад, афзуд дар соли 2021 миёни Маскав ва Душанбе 1 миллиарду 400 миллион доллар муомилот анҷом доданд, ки ин нисбат ба як соли қабл 40% бештар аст.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар бораи ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар арсаи тиҷорат изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи вай, дар соли 2021 гардиши тиҷоратии мутақобила нисбат ба соли 2020 44,7 дарсад афзоиш ёфта, беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил додааст.
Дар моҳҳои январ-апрели соли 2022 афзоиши он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 15,7% - то 408,8 миллион долларро ташкил дод.
Ҳоло дар Тоҷикистон бо дастгирии Русия беш аз 300 корхона фаъолият мекунанд. Ҳаҷми сармоягузории Федератсияи Русия ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1,6 миллиард доллар ё 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии воридшударо ташкил медиҳад, афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0