Чӣ тавр Русия ва Тоҷикистон дӯстӣ бунёд карданд-тасвирбаён

Обуна шудан
Русия ва Тоҷикистон 8 апрели соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд. Аз он вақт инҷониб кишварҳо ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун фаъолона инкишоф медиҳанд.
Дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 200 созишнома баста шуда, бо иштироки Федератсияи Русия 300 корхона дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Ҳаҷми сармоягузории Маскав ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 миллиард доллар ё 16% аз ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷиро ташкил медиҳад.
Табодули коло миёни Тоҷикистону Русия зиёд шуд: кишварҳо ба якдигар чӣ мефурӯшанд?
Хиссаи Русия дар муомилоти савдои берунии ҷумҳурӣ 21,3 фоизро ташкил медиҳад. Соли 1993 кишварҳо дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила созишнома ба имзо расониданд. Соли 2006 Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе кушода шуд.
Тобистони соли 2009 дар Тоҷикистон нерӯгоҳи "Сангтӯдин-1", ки бо ширкати 75 дарсади сармояи Русия сохта шудааст, ба кор даромад. Ин калонтарин лоиҳаи сармоягузории Русия дар ҷумҳурӣ мебошад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 11%- нерӯи барқи кишварро тавлид мекунад.
Далер Ҷумъа: Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши энержӣ аст
Ба ин тартиб, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин 9 маротиба ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 14 маротиба ба Русия сафар кардаанд.
Вазирони корҳои хориҷӣ, нахуствазир, додситонҳои кулл ва дигар ходимони давлатӣ низ ба сафарҳо доштанд
Лентаи хабарҳо
0