Паёмади муноқишаи марзӣ дар Чоркӯҳ: ҳатто мактабу кӯдакистонро тирборон карданд

Обуна шудан
Дар даргирии ахири марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мактаб ва кӯдакистони ҷамоати марзии Исфара мариди тирборони низомиёни қирғиз қарор гирифтааст
Муноқишаи ахир дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои сокинони наздисаршадии шаҳри Исфара харобиҳои зиёд ва захмҳои руҳӣ ворид кард.
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҷамоати Чоркӯҳ беш аз 10 хонаи сокинон аз ин даргирӣ зарар дидааст. Ҳамчунин дар ин минтақа худравҳои сокинон низ зарар расидаанд.
Хушбахтона дар ҷамоати Чоркӯҳ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар ин даргириҳои ахир 11 сокини ин минтақа захм бардошта, ба бемористон интиқол ёфта буданд.
Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? Посухи хадамоти марзбонӣ
То кунун 9 нафари онҳо аз беморитсон рухсат шуда, ду тани дигар ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуданд. То ҳол мақомоти тоҷик расман хисороти ин даргириро эълон накардаанд.
Ба гуфти Содиқ Раҳмонов, директори мактаби рақами 47-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳамла ба мактабу кӯдакистон бори аввал ба қайд гирифта мешавад ва замони даргириҳои пеш чунин ҳодиса рух намедод.
“Кӯдакон тарсиданд ва имрӯз нисбат ба дирӯз теъдоди камашон ба мактаб омаданд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0