https://sputnik.tj/20220915/jamovarii-pakhta-nohiyai-bobojon-ghafurov-1051405223.html
Ҷамъоварии 1351 тонна пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ҷамъоварии 1351 тонна пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
Имсол хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 8028 гектар чигит кишт намуда, имрӯзҳо бо ҷалби ҳашарчиён ба чиниши ҳосил шурӯъ намудаанд
2022-09-15T09:00+0500
2022-09-15T09:00+0500
2022-09-15T09:00+0500
дар тоҷикистон
пахта
суғд
ҷамъоварӣ
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031952714_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_d4cde8101b8fe7ddc5fe9167260ed4a9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Ба ҳолати 13 сентябр дар ноҳия аз аввали мавсим 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки 13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни ҷамъоварии пахта шинос гардид.Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, ҳамарӯза беш аз 9000 нафар ба ҷамъоварии пахта машғул буда, то имрӯз 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов шинос шуда, дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кард.Инчунин манбаъ хабар додааст, ки заркорони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 407 тонна ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов 300 тонна пахта ба хирман супорида, тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нақшаи пешбинишударо сари вақт иҷро намоянд.Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулин ва пахтачинону пахтакорон суҳбат карда, барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ва сари вақт пардохтани музди чинакчиён супоришҳо дод.
https://sputnik.tj/20220830/tojikiston-segona-kishvar-taminkunanda-pakhta-rusiya-1051022477.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031952714_63:0:916:640_1920x0_80_0_0_c877d3d9799e66ade54e3dd7643533b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, бобоҷон, ғафуров, пахтачинӣ, пахта, ҳосил, раҷаббой аҳмадзода
тоҷикистон, суғд, бобоҷон, ғафуров, пахтачинӣ, пахта, ҳосил, раҷаббой аҳмадзода
Ҷамъоварии 1351 тонна пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Имсол хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 8028 гектар чигит кишт намуда, имрӯзҳо бо ҷалби ҳашарчиён ба чиниши ҳосил шуруъ намудаанд
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Ба ҳолати 13 сентябр дар ноҳия аз аввали мавсим 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки 13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни ҷамъоварии пахта шинос гардид.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, ҳамарӯза беш аз 9000 нафар ба ҷамъоварии пахта машғул буда, то имрӯз 1351 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов шинос шуда, дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кард.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки заркорони ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 407 тонна ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Т. Қӯшатов 300 тонна пахта ба хирман супорида, тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нақшаи пешбинишударо сари вақт иҷро намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулин ва пахтачинону пахтакорон суҳбат карда, барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ва сари вақт пардохтани музди чинакчиён супоришҳо дод.