https://sputnik.tj/20220914/tolibon-hamkori-sozmoni-hamkorii-shankhay-1051393407.html
Толибон хостори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд
Толибон хостори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноати толибон барқарории равобит бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро барои тавсеаи Афғонистон хостор шуд
2022-09-14T16:00+0500
2022-09-14T16:00+0500
2022-09-14T17:31+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
ҳамкорӣ
толибон
сҳш
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Нуриддин Азизӣ, вазири саноати толибон ҳамкории кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро барои тавсеаи Афғонистон хостор шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба манобеаш.Тамоюл дорем бо тамоми кишварҳо ба хусус кишварҳои узви СҲШ робитаи тиҷорӣ дошта бошем ва ҷаҳон набояд Афғонистонро ба ҳоли худ раҳо кунад.Ин мақом бо баёни ин ки амнияти Афғонистон, амнияти минтақа ва ҷаҳон аст аз Амрикои хост то манобеи арзии Афғонистонро озод кунад.Нишасти ин созмон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба таърихи 15 - 16 сентябр баргузор мегардад.Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220914/raisjumhuri-chekhiya-nato-afghoniston-ishtiboh-1051377570.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, сҳш, ҳамкорӣ, хостор, толибон, осиёи марказӣ
афғонистон, сҳш, ҳамкорӣ, хостор, толибон, осиёи марказӣ
Толибон хостори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд
16:00 14.09.2022 (Навсозишуда: 17:31 14.09.2022) Вазири саноати толибон барқарории равобит бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро барои тавсеаи Афғонистон хостор шуд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Нуриддин Азизӣ, вазири саноати толибон ҳамкории кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро барои тавсеаи Афғонистон хостор шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба манобеаш.
“Мо аз тамоми кишварҳо мехоҳем то бо мо барои мубориза бо фақр дар Афғонистон ҳамкорӣ кунанд”, - гуфт ӯ.
Тамоюл дорем бо тамоми кишварҳо ба хусус кишварҳои узви СҲШ робитаи тиҷорӣ дошта бошем ва ҷаҳон набояд Афғонистонро ба ҳоли худ раҳо кунад.
Ин мақом бо баёни ин ки амнияти Афғонистон, амнияти минтақа ва ҷаҳон аст аз Амрикои хост то манобеи арзии Афғонистонро озод кунад.
Нишасти ин созмон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба таърихи 15 - 16 сентябр баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.