https://sputnik.tj/20220914/sharh-rasmi-sadama-mudhish-dushanbe-khujand-video-1051384295.html
Шарҳи расмии навори садамаи мудҳиш дар Шаҳристон - видео
Шарҳи расмии навори садамаи мудҳиш дар Шаҳристон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Бархӯрди шадиди ду мошини боркаш дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ дар пай дошт
2022-09-14T13:30+0500
2022-09-14T13:30+0500
2022-09-14T17:39+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
душанбе
хуҷанд
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/16/1023561612_48:0:1774:971_1920x0_80_0_0_1304c65ecb38ff9091bb7b9f47ede951.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мошини боркаши тамғаи "ДАФ" дар ҳудуди ҷамоати Шаҳристон бо боркаши "МАН" бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаҳои ҳар ду худрав ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ронандаи "ДАФ", сокини 36-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, бо "ДАФ", таҳти идораи сокини 25-солаи Панҷакент бархӯрдааст. "Дар натиҷа, ронандагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири втомашинаи "ДАФ", сокини 28-солаи шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия. Бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/16/1023561612_263:0:1558:971_1920x0_80_0_0_4ad1e124cb47bc141b037d2abb400ff0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, бархӯрд, шадид, боркашҳо, душанбе, хуҷанд
шарҳ, бархӯрд, шадид, боркашҳо, душанбе, хуҷанд
Шарҳи расмии навори садамаи мудҳиш дар Шаҳристон - видео
13:30 14.09.2022 (Навсозишуда: 17:39 14.09.2022) Бархӯрди шадиди ду мошини боркаш дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон, талафоти ҷонӣ дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Мошини боркаши тамғаи "ДАФ" дар ҳудуди ҷамоати Шаҳристон бо боркаши "МАН" бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаҳои ҳар ду худрав ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ронандаи "ДАФ", сокини 36-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, бо "ДАФ", таҳти идораи сокини 25-солаи Панҷакент бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, ронандагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири втомашинаи "ДАФ", сокини 28-солаи шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.