https://sputnik.tj/20220914/rasulzoda-rahmon-jalasa-saad-sulhi-boku-erevan-1051379518.html
Иштироки Расулзода ба ҷои Раҳмон дар ҷаласаи СААД: ӯ роҳи сулҳи Боку ва Ереванро гуфт
Иштироки Расулзода ба ҷои Раҳмон дар ҷаласаи СААД: ӯ роҳи сулҳи Боку ва Ереванро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистон сарвазир, Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард
2022-09-14T08:51+0500
2022-09-14T08:51+0500
2022-09-14T18:08+0500
дар тоҷикистон
саад
сиёсат
қоҳир расулзода
арманистон
озарбойҷон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/59/1030105953_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_bd2510f05641181582b07cbeafa7925d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тоҷикистон бо нигаронӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марзи Озарбойҷону Арманистон ҷонибҳоро даъват кард, ки ба маҷрои сиёсию дипломатӣ баргарданд. Ин нуктаро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни ҷаласаи маҷозии Шӯрои амнияти СААД баён дошт, ки бо дархости сарвазири Арманистон, раиси феълии Шӯро, Никол Пашинян баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои узви СААД иштирок доштанд, аммо Тоҷикистонро бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард. Расулзода дар ин дидор нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз рӯйдодҳои охир дар хати ба ҳам омадани неруҳои ҳарбии Арманистон ва Озарбойҷон баён дошт. иброз намуд.Вай изҳори боварӣ кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа ин истифодаи муассир аз василаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.Ереван шаби 12 ба 13 сентябр изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карда, ҳамчунин "барои пешбурди мавқеъ дар баъзе манотиқ иқдом кардаанд".Дар навбати худ Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст.Арманистон ба далели ташдиди вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба Русия, СААД ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст.
https://sputnik.tj/20220913/pashinyan-marz-talafot-armaniston-1051355976.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/59/1030105953_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_6729050d0ce11417c382636e25f43fca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
расулзода, сулҳ, ереван, боку
расулзода, сулҳ, ереван, боку
Иштироки Расулзода ба ҷои Раҳмон дар ҷаласаи СААД: ӯ роҳи сулҳи Боку ва Ереванро гуфт
08:51 14.09.2022 (Навсозишуда: 18:08 14.09.2022) Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД вобаста ба даргирии Арманистону Озарбойҷон, аз Тоҷикистон сарвазир Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тоҷикистон бо нигаронӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марзи Озарбойҷону Арманистон ҷонибҳоро даъват кард, ки ба маҷрои сиёсию дипломатӣ баргарданд.
Ин нуктаро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни ҷаласаи маҷозии Шӯрои амнияти СААД баён дошт, ки бо дархости сарвазири Арманистон, раиси феълии Шӯро, Никол Пашинян баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои узви СААД иштирок доштанд, аммо Тоҷикистонро бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард.
Расулзода дар ин дидор нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз рӯйдодҳои охир дар хати ба ҳам омадани неруҳои ҳарбии Арманистон ва Озарбойҷон баён дошт. иброз намуд.
"Дар вазъияти феълии бавуқуъпайваста ғояти муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳар чи зудтар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд", - таъкид намудаст сарвазир.
Вай изҳори боварӣ кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа ин истифодаи муассир аз василаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.
Ереван шаби 12 ба 13 сентябр изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карда, ҳамчунин "барои пешбурди мавқеъ дар баъзе манотиқ иқдом кардаанд".
Дар навбати худ Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст.
Арманистон ба далели ташдиди вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба Русия, СААД ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст.