https://sputnik.tj/20220914/makon-dargiri-marzi-tojikiston-qirghiziston-1051383096.html
Макони даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - тасвирбаён
Макони даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Дар мавзеи "Кех" боз тирпарронӣ миёни нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ки ба иттилои бархе аз манобеъ дар натиҷа марзбонони тоҷик куштаю маҷруҳ шуданд
2022-09-14T12:04+0500
2022-09-14T12:04+0500
2022-09-14T17:57+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
тасвирбаён
даргирӣ
қирғизистон
исфара
бодканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0e/1051381845_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_edb4baa294cb963dc98835e5b25b129c.png
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронии субҳи 14 сентябр дар мавзеи Кех айбдор мекунанд. Даргирии қаблӣ дар ин макон расо 3 моҳ қабл, 14 июн рух дода буд. КДАМ Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех"-и Исфара парондаанд.Таъкид шудааст, ки сипас мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.КДАМ изҳор доштааст, ки дар ин вазъият нерӯҳои Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушодаанд.Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.Манбаъ: Як марзбони тоҷик куштаю 2 нафари дигар маҷруҳ шудаандИн дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро муттаҳам мекунад, ки дар минтақаи муайяннашудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва дар посух ба талаботи низомиёни қирғиз барои тарки ин макон оташ кушодаанд. Таъкид гардидаст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ талафоте нест.Мақомоти тоҷик расман дар бораи талафот дар ин даргирӣ иттилоъ надодаанд, аммо бархе манобеъ аз ҳалокати як марзбони тоҷик ва ҷароҳати шадиди 2 нафари дигар иттилоъ доданд.
қирғизистон
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0e/1051381845_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_da1329189d4d8e186288c3f70d4bf189.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргирӣ, марзӣ, тасвирбаён
даргирӣ, марзӣ, тасвирбаён
Макони даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - тасвирбаён
12:04 14.09.2022 (Навсозишуда: 17:57 14.09.2022) Дар мавзеи Кех боз миёни нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух дод, ки ба иттилои бархе аз манобеъ, дар натиҷа марзбонони тоҷик куштаю маҷруҳ шуданд
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронии субҳи 14 сентябр дар мавзеи Кех айбдор мекунанд. Даргирии қаблӣ дар ин макон расо 3 моҳ қабл, 14 июн рух дода буд.
КДАМ Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех"-и Исфара парондаанд.
Таъкид шудааст, ки сипас мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.
"Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
КДАМ изҳор доштааст, ки дар ин вазъият нерӯҳои Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро муттаҳам мекунад, ки дар минтақаи муайяннашудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва дар посух ба талаботи низомиёни қирғиз барои тарки ин макон оташ кушодаанд. Таъкид гардидаст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ талафоте нест.
Мақомоти тоҷик расман дар бораи талафот дар ин даргирӣ иттилоъ надодаанд, аммо бархе манобеъ аз ҳалокати як марзбони тоҷик ва ҷароҳати шадиди 2 нафари дигар иттилоъ доданд.