https://sputnik.tj/20220914/ishtiroki-vaziri-khorijai-tojikiston-jalasa-majmai-umumi-smm-1051404952.html
Иштироки вазири хориҷаи Тоҷикистон дар 77-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ
Иштироки вазири хориҷаи Тоҷикистон дар 77-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар 77-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони милали Муттаҳид, ки аз 13 то 26 сентябр баргузор мешавад, ба Амрико меравад
2022-09-14T21:30+0500
2022-09-14T21:30+0500
2022-09-14T21:30+0500
дар тоҷикистон
смм
маҷмаи умумӣ
маҷмаи умумии смм
иштирок
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0e/1051388393_0:40:3073:1768_1920x0_80_0_0_d2e712f3904ffc11fdf6e6ab5669d134.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии кишвар дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк ширкат хоҳад кард, хабар дод Шоҳин Самадӣ, котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Ба гуфтаи вай, вазири хориҷаи Тоҷикистон 19 сентябр ба ин чорабинӣ ҳамроҳ мешавад.Шоҳин Самадӣ баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи вазири хориҷаро дар ҳошияи иҷлосияи СММ рад накард.Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати хориҷа дар мавриди он ки вазир бо кӣ гуфтушунид мекунад, тавзеҳеро ироа накард.Дар ҳамин ҳол тавре сомонаи СММ хабар додааст, қарор аст, дар ин иҷлосия доираи васеи масоил баррасӣ шавад.“Пандемияи коронавирус ягона масъалаи асосӣ дар ҷаҳон нест. Нажодпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, нобаробарӣ, тағирёбии иқлим, камбизоатӣ, гуруснагӣ, даргириҳои мусаллаҳона ва дигар мушкилот ҳамчун чолиши глобалӣ боқӣ мемонанд. Хамаи ин чолишҳо тадбирҳои умумиҷаҳониро талаб мекунанд ва Маҷмаи умумӣ як имконияти нодирест, ки ҳамаро якҷоя чамъ меорад ва роҳи ояндаро муайян месозад”, - гуфта шудааст дар иттилоия.
https://sputnik.tj/20220905/safar-rasmi-sirojiddin-muhriddin-1051157576.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0e/1051388393_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_a112f8b3f7fbab6caad440e5c07ec427.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазири хориҷа, амрико, смм, ҷаласа, ҳайат, иштирок
тоҷикистон, вазири хориҷа, амрико, смм, ҷаласа, ҳайат, иштирок
Иштироки вазири хориҷаи Тоҷикистон дар 77-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ
Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар 77-умин иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 13 то 26 сентябр баргузор мешавад, ба Амрико меравад
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии кишвар дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк ширкат хоҳад кард, хабар дод Шоҳин Самадӣ, котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, вазири хориҷаи Тоҷикистон 19 сентябр ба ин чорабинӣ ҳамроҳ мешавад.
Шоҳин Самадӣ баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи вазири хориҷаро дар ҳошияи иҷлосияи СММ рад накард.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати хориҷа дар мавриди он ки вазир бо кӣ гуфтушунид мекунад, тавзеҳеро ироа накард.
Дар ҳамин ҳол тавре сомонаи СММ хабар додааст, қарор аст, дар ин иҷлосия доираи васеи масоил баррасӣ шавад.
“Пандемияи коронавирус ягона масъалаи асосӣ дар ҷаҳон нест. Нажодпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, нобаробарӣ, тағирёбии иқлим, камбизоатӣ, гуруснагӣ, даргириҳои мусаллаҳона ва дигар мушкилот ҳамчун чолиши глобалӣ боқӣ мемонанд. Хамаи ин чолишҳо тадбирҳои умумиҷаҳониро талаб мекунанд ва Маҷмаи умумӣ як имконияти нодирест, ки ҳамаро якҷоя чамъ меорад ва роҳи ояндаро муайян месозад”, - гуфта шудааст дар иттилоия.