https://sputnik.tj/20220913/ruzhoi-sinamoi-tojikiston-toshkand-1051373274.html
Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Тошканд
Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Тошканд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканди Ӯзбекистон давоми чанд рӯз беҳтарин филмҳои “Тоҷикфилм” ба намоиш гузошта мешаванд
2022-09-13T19:10+0500
2022-09-13T19:10+0500
2022-09-13T19:10+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
синамо
ҳафта
фарҳанг
кино
тошканд
ҷашнвора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102910/54/1029105498_0:119:1200:794_1920x0_80_0_0_bc5efc3de9bb702a40cf905c91031d19.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар 14-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканд, ки аз 13 то 18 сентябр бо номи "Ҷашнвораҳои Ҷодаи Абрешим" дар пойтахти Ӯзбекистон сурат мегирад, Ҳафтаи филмҳои тоҷикӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст сомонаи расмии “Тоҷикфилм”.Тибқи иттилои манбаъ, Рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар чорчуби 14-умин ҷашнвораи байналмиллалии филми Тошканд баргузор мешавад.Дар рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон филмҳои достонӣ ва мустанади муассисаи давлатии Тоҷикфилм монанди “Охирин сайди саёд” ба коргардонии Муҳаммадраби Исмоил, “Ҷода” ба коргардонии Носир Саидов, “Духтари фариштагон” ба коргардонии Умедшоҳ Мирзоширинов, “Масири ҳамдили Созмони Ҳамкори Шанхай” ба коргардонии Файзулло Файзов ва “Се рӯзи як баҳор” ба коргардонии Рустамоҳ Азимов барои синамодустон ба намоиш гузошта мешавад.Ҳамчунин дар чорчуби рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон қарор аст тавофуқномаи оғози тавлиди филми муштараки ҳунари ва таърихии Дурахши ахтарон "Ҷоми ва Навоӣ" мунъақид шавад.Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли ахир равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хусус дар бахши иқтисод, фарҳанг ва кишварзӣ дар ҳоли рушд ёфтан қарор доранд.
https://sputnik.tj/20220328/oskar-tojikiston-joizai-milli-sinamo-1047127030.html
ӯзбекистон
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102910/54/1029105498_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_311f33181420c4f4afd3878fd6d4992b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, синамо, тошканд, беҳтарин филм, намоиш, тоҷикӣ
тоҷикистон, ӯзбекистон, синамо, тошканд, беҳтарин филм, намоиш, тоҷикӣ
Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Тошканд
Дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканди Ӯзбекистон давоми чанд рӯз беҳтарин филмҳои “Тоҷикфилм” ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар 14-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканд, ки аз 13 то 18 сентябр бо номи "Ҷашнвораҳои Ҷодаи Абрешим" дар пойтахти Ӯзбекистон сурат мегирад, Ҳафтаи филмҳои тоҷикӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст сомонаи расмии
“Тоҷикфилм”.
Тибқи иттилои манбаъ, Рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар чорчуби 14-умин ҷашнвораи байналмиллалии филми Тошканд баргузор мешавад.
Дар рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон филмҳои достонӣ ва мустанади муассисаи давлатии Тоҷикфилм монанди “Охирин сайди саёд” ба коргардонии Муҳаммадраби Исмоил, “Ҷода” ба коргардонии Носир Саидов, “Духтари фариштагон” ба коргардонии Умедшоҳ Мирзоширинов, “Масири ҳамдили Созмони Ҳамкори Шанхай” ба коргардонии Файзулло Файзов ва “Се рӯзи як баҳор” ба коргардонии Рустамоҳ Азимов барои синамодустон ба намоиш гузошта мешавад.
Ҳамчунин дар чорчуби рӯзҳои синамоӣ Тоҷикистон дар Ӯзбекистон қарор аст тавофуқномаи оғози тавлиди филми муштараки ҳунари ва таърихии Дурахши ахтарон "Ҷоми ва Навоӣ" мунъақид шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли ахир равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хусус дар бахши иқтисод, фарҳанг ва кишварзӣ дар ҳоли рушд ёфтан қарор доранд.