Идомаи омодагиҳои Самарқанд барои баргузории ҷаласаи СҲШ - видео

Обуна шудан
Омодагиҳои шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон барои баргузории Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) идома дорад
Дар кӯчаву хиёбонхои шаҳр корҳои ороиши, насби нишонаҳои СҲШ ва фавораҳои чинӣ идома дорад.
Дар канори роҳҳо байрақхои давлатҳои СҲШ насб овехта шудааст. Сомонаи ин созмон ҳамчунин зикр мекунад, ки маҷмааи сайёҳии “Роҳи абрешими Самарқанд” ба ифтихори ин ҳодиса бунёд шудааст.
СҲШ дархости кишвари нав барои шарикиро баррасӣ мекунад
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар ин нишаст сарони 15 кишвар, аз ҷумла Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Си Ҷинпин, роҳбари Чин, ҳамчунин раҳбарони Туркия, Беларус ва дигар кишварҳои узви СҲШ ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад, раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев барои ширкат дар ин нишаст ба унвони меҳмон ба Ӯзбекистон сафар кунад.
Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар СҲШ: бо кӣ савдо зиёд шуду бо кӣ кам?
Сухангӯи раисҷумури Ӯзбекистон Шерзод Асадов дар Telegram-канали худ навиштааст, ки ин чорабинӣ нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони кишварҳои СҲШ баъд аз 2019 мебошад.
Ёдовар мешавем, ҷаласаи сарони кишварҳҳои узви СҲШ 15-16 сентябрт дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0