Тоҷикистон барои Ҷоми подшоҳ-2022 сабқат мекунад

© Федерация футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Тринидад ва Тобаго дар Таиланд мусоҳиба мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаст. Ба иттилои манбаъ, сабқат дар доираи мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" дар Чиангмайи Тайланд дар назар аст.
ФФТ тавзеҳ дод, вақти бозӣ миёни Тоҷикистон ва Тринидад ва Тобаго соати 15:30-и 22 сентябр бо вақти Душанбе муқаррар шудааст.
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Нахустин бохти "Регар-ТадАЗ" баъди таъйини сармураббии нав
Таъкид шудааст, ки бозии мазкур дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" сурат мегирад. Замони баргузории мусобиқоти "King's Cup 2022" аз 22 то 25 сентябр муқаррар шудааст.
Дар даври ниманиҳоии дигари мусобиқот яккачини Тайланд бо дастаи Малайзия вомехӯранд. ФФТ афзуд, ҳарду бозии даври нимниҳоӣ 22 сентябр доир мегарданд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25 сентябр дар финал ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0