https://sputnik.tj/20220912/rusiya-tojikiston-hampahlui-sharaki-strategi-video-1051343646.html
Русия ва Тоҷикистон: 30 соли ҳампаҳлуии ду шарики стратегӣ - видео
Русия ва Тоҷикистон: 30 соли ҳампаҳлуии ду шарики стратегӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазир иқтисоди Русия дар Рӯзи таҷлили 30 солагии равобити Маскав ва Душанбе аз дастовардҳои ин ду кишвар тайи ин муддат гуфт
2022-09-12T17:55+0500
2022-09-12T17:55+0500
2023-02-08T19:45+0500
видео
ҳамкорӣ
дар тоҷикистон
иқтисод
равобит
тиҷорат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0c/1051342783_0:169:3043:1880_1920x0_80_0_0_2d5bc88536d9af7e00f6c94d2a80862c.jpg
Тоҷикистон имрӯз як кишвари зебову асил бо иқтисоди рушдёбанда, шарики боэътимод ва ҳампаймони Русия мебошад, гуфт вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников.Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Маскав барои рушди як қатор бахшҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, энержӣ ва зербиноӣ дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.Таҷлили солгарди Истиқлол ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар МаскавРешетников қайд кард, ки барои вусъат додани робитаҳо дар сатҳи олӣ кор давом дорад: ҳукуматҳо ва ҳамаи вазоратҳои дахлдор дар гуфтушунид қарор доранд.Минтақаҳои Русия низ ба рӯзнома ворид шудаанд ва 60-тои онҳо бо шарикони тоҷик фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.Раҳбари Вазорати рушди иқтисод ёдовар шуд, ки дар ояндаи наздик нахустин ҳамоиши сармоягузории "Русия – Тоҷикистон" баргузор мешавад, ки дар он шумори соҳибкорони ҷалбшуда аз Федератсияи Русия метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0c/1051342783_155:0:2886:2048_1920x0_80_0_0_546c4ea750c02a9eb8dd9e88960b848d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, дастовард, равобит, вазири иқтисоди русия
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, дастовард, равобит, вазири иқтисоди русия
Русия ва Тоҷикистон: 30 соли ҳампаҳлуии ду шарики стратегӣ - видео
17:55 12.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Вазири иқтисоди Русия дар рӯзи таҷлили 30-солагии равобити Маскав ва Душанбе аз дастовардҳои ин ду кишвар тайи ин муддат гуфт
Тоҷикистон имрӯз як кишвари зебову асил бо иқтисоди рушдёбанда, шарики боэътимод ва ҳампаймони Русия мебошад, гуфт вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников.
"Зиёда аз 30 сол аст, ки мо паҳлу ба паҳлу истода, буҳронҳоро якҷоя паси сар карда, лоиҳаҳои нави сармоягузориро амалӣ менамоем ва ҳамкориҳои иқтисодиро густариш медиҳем", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Маскав барои рушди як қатор бахшҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, энержӣ ва зербиноӣ дар Тоҷикистон аллакай ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Решетников қайд кард, ки барои вусъат додани робитаҳо дар сатҳи олӣ кор давом дорад: ҳукуматҳо ва ҳамаи вазоратҳои дахлдор дар гуфтушунид қарор доранд.
Минтақаҳои Русия низ ба рӯзнома ворид шудаанд ва 60-тои онҳо бо шарикони тоҷик фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Раҳбари Вазорати рушди иқтисод ёдовар шуд, ки дар ояндаи наздик нахустин ҳамоиши сармоягузории "Русия – Тоҷикистон" баргузор мешавад, ки дар он шумори соҳибкорони ҷалбшуда аз Федератсияи Русия метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.