Паёми Раҳмон ба Карли III: Тоҷикистон хостори ҳамкории бештар бо Бритониё шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи феълии ҳамкориҳоро бо Бритониёи Кабир қаноатбахш арзёбӣ карда, хостори таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳо шудааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Карли III-ро бо расидан ба маснади подшоҳӣ дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шодбош гуфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Карли III сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулаш комёбиҳои рӯзафзун хостааст.
Ба Подшоҳии Муттаҳида ва мардуми он сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии пойдор хоҳонам, афзудаст Эмомалӣ Раҳмон.
"Британияи Кабир соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият пазируфт ва дар ибтидои соли равон мо 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямонро ҷашн гирифтем", - омадааст дар паём.
Британский принц Чарльз во время государственного открытия парламента в Лондоне  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Нозук ва шикпӯш: беҳтарин аксҳои шоҳи нави Британияи Кабир Карли III
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаст, ки раванди рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвар тайи ин давра боиси қаноатмандист. Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкими бештари он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад, афзуд раисҷумҳур.
"Изҳори умед менамоям, ки бо талошҳои пайгиронаи муштарак шарикии созандаи кишварҳоямон минбаъд низ дар маҷрои усулҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду ҷониб густаришу тавсеа хоҳад ёфт", - омадааст дар паём.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи реҳлати малика Елизавета II, ахиран писараш шоҳзода Чарлз расман подшоҳи нави Британияи Кабир эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0