Бо нокдаун, вале бе нокаут: навори пирӯзии Яъқубов бар варзишгари аргентинӣ

Обуна шудан
Сабқати муштзани тоҷик бо рақиби аргентенияш 8 давр давом карда, дар ҷамъбасти он доварон бо як овоз пирӯзиро ба варзишгари тоҷикистонӣ доданд
Муҳаммад Яъқубов, муштзани тоҷик дар мусобиқаи RCC "Boxing Promotion" бар намояндаи Аргентина - Кароос Даниел Кордоба пирӯз шуд.
Дар ин зӯрозмоӣ, ки дар Челябинск баргузор шуд, Яъқубов бо зарбаҳои нишонрас бартариятро касб карда, то охири сабқат нигоҳ дошт. Дар даври 5-ум муштзани тоҷик варзишкори аргентиниро ба нокдаун фиристод.
Дар охир доварон бо як овоз пирӯзиро ба намояндаи Тоҷикистон доданд.
"Ман талош накардам, ки ҳарифро ба нокаут фиристам, фосиларо нигоҳ медоштам. Намехостам баъди шикаст аз варзишкори амрикоӣ, О’Шаки Фостер таваккал кунам. Бароям муҳим буд, ки ба роҳи ғалаба бароям", - гуфт Яъқубов дар шарҳи сабқат.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда рақибони ҷиддӣ ӯро интизоранд.
Муҳаммад Яъқубови 27-сола зодаи шаҳри Исфара буда, феълан 19 ғалаба ва 1 бохт доранд. Кордоба аз 15 рақобати анҷомдодааш, дар 7 ҳолат шикаст хӯрдааст.
Лентаи хабарҳо
0