Имзои 12 созишномаи ҳамкорӣ миёни Суғду Фарғона

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
Ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд густариш меёбанд. Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Созишномаҳои нав зимни дидору гуфтугӯ ва иштирок дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғди Тоҷикистону вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба имзо расиданд, иттилоъ додааст хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров барои иштирок дар барномаҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омад.
Инчунин дар он рӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ намоиши молу маҳсулоти вилояти Фарғона ташкил карда шуда, Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона баргузор грдид.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Додугирифти 197-миллиондолларии Суғд бо минтақаҳои Ӯзбекистон
Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар доираи сафари ҳайати Узбекистон шоми 8 сентябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Семенчӣ”-и Фарғона баргузор гардид, бо ҳисоби 1:1 ба охир расид.
Лентаи хабарҳо
0