Раиси агентӣ: Сеяки содироти саноати Тоҷикистон сангу металҳои қиматбаҳост

© Pixabay / Stevebidmead Слитки золото, архивное фото
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Обуна шудан
Раиси Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки содироти мол аз ҷумҳурӣ ба хориҷ асосан аз кадом намудҳо ташаккул ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 33%-и содироти саноати Тоҷикистон ба сангу филизоти қиматбаҳо рост меояд.
Ин нуктаро Шавкат Бобозода, раиси Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият" баён дошт.
Вай зикр намудаст, ки аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 1,2 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст.
Бобозода зимни тавзеҳи сохтори содироти саноатӣ таъкид кардааст, ки 33,4% аз ҳаҷми умумӣ ба фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо рост меояд.
Дар ҷойи дуюм нахи пахта ҷой гирифтааст, ки 10,5%-ро аз аз ҳаҷми умумӣ фаро мегирад.
Встреча Дениса Мантурова с делегацией из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Тоҷикистон ва Русия гардиши молро афзоиш доданд
Консентрати мис низ ба феҳрасти маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистон шомил гардидад, саҳми он муодили 7,1% аст.
Ҳиссаи алюминийи аввалия, ки дар таркиби арзиши содирот 7,2% ҳисоб карда шудааст.
Консентрати руҳ - 7,1%, консентрати сурб - 4,8%, сурма - 4,5%, риштаи пахтагӣ - 2,3%, семент - 1,7% ва неруи барқ 3,7%-и содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистонро ташкил додаст.
Ба гуфтаи раиси Агентӣ, инчунин ба маблағи 6,9 млн доллар ангишт содирот гардид, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 млан доллар зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0