https://sputnik.tj/20220911/oghozi-safar-raisi-parlumoni-ozarboyjon-tojikiston-1051317115.html
Оғози сафари расмии раиси парлумони Озарбойҷон ба Тоҷикистон
Оғози сафари расмии раиси парлумони Озарбойҷон ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон дар доираи сафараш бо роҳбарони баландпояии Тоҷикистон мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ менамояд
2022-09-11T15:35+0500
2022-09-11T15:35+0500
2022-09-12T17:17+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_c934c1972a1823afbe9ab495314ebb71.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳайати парлумонии Озарбойҷон таҳти роҳбарии раиси Милли Меҷлис Соҳиба Ғаффоова барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар фурудгоҳ меҳмони воломақомро муовини якуми раиси палатаи болоии парлумони ҶТ, Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт. Ин сафар дар ҳолест, ки қаблан ҳайати парлумони Тоҷикистон дар Озарбойҷон қарор дошт. Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар доираи сафар ба Боку гуфт, ҳамкорӣ бо Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии ҶТ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад.Зокирзода ҳавасмандии Душанберо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон баён дошт."Муяссар гардид, ки дар давраи истиқлол, тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ, низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ бунёд намоем", - гуфт ӯ. Инчунин аз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон дар соли 2018-ум зикр шудаст, ки зимни он 12 санади нав ба имзо расида. Дар маҷмуъ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 59 созишнома ва аҳднома баста шудааст.Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр шудааст, ки комиссияи дахлдор дар ин бора фаъолият дошта, бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва бо дастгирии соҳибкорони озарӣ соли 2020 Хонаи тиҷоратии "Тоҷикистон" дар шаҳри Боку таъсис ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220303/rustami-emomali-prezident-ozarboyjon-muloqot-1046481026.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_665d0fd32343aec80cda204a8b41a7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, душанбе, боку, таҳрим, ҳамкорӣ
азм, душанбе, боку, таҳрим, ҳамкорӣ
Оғози сафари расмии раиси парлумони Озарбойҷон ба Тоҷикистон
15:35 11.09.2022 (Навсозишуда: 17:17 12.09.2022) Раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон дар доираи сафараш бо роҳбарони баландпояии Тоҷикистон мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳайати парлумонии Озарбойҷон таҳти роҳбарии раиси Милли Меҷлис Соҳиба Ғаффоова барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар фурудгоҳ меҳмони воломақомро муовини якуми раиси палатаи болоии парлумони ҶТ, Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт.
Ин сафар дар ҳолест, ки қаблан ҳайати парлумони Тоҷикистон дар Озарбойҷон қарор дошт.
Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар доираи сафар ба Боку гуфт, ҳамкорӣ бо Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии ҶТ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад.
Зокирзода ҳавасмандии Душанберо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон баён дошт.
"Муяссар гардид, ки дар давраи истиқлол, тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ, низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ бунёд намоем", - гуфт ӯ.
Инчунин аз сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон дар соли 2018-ум зикр шудаст, ки зимни он 12 санади нав ба имзо расида. Дар маҷмуъ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 59 созишнома ва аҳднома баста шудааст.
Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр шудааст, ки комиссияи дахлдор дар ин бора фаъолият дошта, бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва бо дастгирии соҳибкорони озарӣ соли 2020 Хонаи тиҷоратии "Тоҷикистон" дар шаҳри Боку таъсис ёфтааст.