"Олмон ба ӯ ниёз надорад": немисҳо ба Бурбок таклиф карданд, ки дар Киев бимонад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок
Встреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Обуна шудан
Шаҳрвандони Олмон аз сиёсати вазири хориҷаи феълӣ хашмгин шуда, аз сафари ногаҳонии ӯ ба пойтахти Украина интиқод карданд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Сафари вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок ба Киев хонандагони нашрияи олмонии "Die Welt"-ро ба хашм овард.
Шореҳон аз изҳороти ахири дипломат ёдовар шуданд, ки вай ба андешаи интихобкунандагони олмонӣ дар масъалаи кумак ба Украина таваҷҷуҳ надорад.
"Ин зан манфиатҳои Олмон пайгирӣ намекунад, танҳо манофеи Украинаро мехоҳад!" — навиштааст яке аз хонандагон.
"Вай бешубҳа дар он ҷо роҳаттар аст, назар бо интихобкунандагони худ дар Олмон будан, ки то ҳол ӯро маблағгузорӣ мекунанд", - гуфтааст дигаре.
"Вай ба ҷои он ки дар хона ҷиддӣ кор кунад, танҳо сафар карданро дӯст медорад. Ё намедонад дар сари миз чӣ кор кунад? Вай ҳеҷ гоҳ кор карданро ёд нагирифтааст", - гуфт сеюмӣ.
"Ин як сафари хуб барои рӯзҳои истироҳат аст, бахусус, зеро вай ҳатман дар он ҷо бо одамоне вомехӯрад, ки андешаи онҳо барои ӯ муҳим аст", - гуфтааст шореҳи дигар.
 Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2022
Медведев: Олмон алайҳи Русия ҷанги гибридӣ эълон кардааст
"Бигзор он ҷо бимонад, ӯ барои Олмон даркор нест", - хулоса кард хонандаи дигарӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили сентябр Анналена Бурбок-вазири корҳои хориҷаи Олмон гуфта буд, ки Берлин кумакашро ба Киев идома хоҳад дод, “новобаста аз он ки интихобкунандагони олмонии ман чӣ фикр мекунанд”, пас аз ин ӯ шадидан интиқод шуд.
Лентаи хабарҳо
0