Карл III подшоҳи нави Британияи Кабир эълон шуд

© AFP 2023 / LEON NEALКарл III (король Великобритании)
Карл III (король Великобритании) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Обуна шудан
Маросими тоҷгузории монарх пас аз ду рӯзи марги малика Елизавета II, ки ба муҳлатии рекордии 70 соли дар Бритониё ҳукмронӣ мекард, баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Шоҳзода Чарлз расман подшоҳи нави Британияи Кабир Карл III эълон шуд, хабар медиҳанд расонаҳои Англия.
Эъломияи ӯро як қатор мансабдорон, аз ҷумла писараш Вилям, лорд президенти Шӯрои мерос Пенни Мордаунт, архиепископи Кентербери ва дигарон имзо карданд.
Маъмулан раванди интиқоли тахт дар шӯрои ворисонӣ сурат мегирад, ки рӯзона дар кохи Лондон дар Сент Ҷеймс ҷамъ мешавад, аммо ин дафъа онро ба таъхир андохтан лозим омад, зеро хабари марги малика бевақтии шом расид.
Британский принц Чарльз во время государственного открытия парламента в Лондоне  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Нозук ва шикпӯш: беҳтарин аксҳои шоҳи нави Британияи Кабир Карли III
Подшоҳи нав дар таърихи кишвар куҳансолтарин ҳоким гардид.
Барои расидан ба мақоми шоҳӣ ӯ 65 сол интизор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Елизавета II дар шоми 8 сентябр даргузашт, вай 96-сола буд.
Монарх дар қалъаи Шотландия Балморал дар оғӯши оилааш вафот кард. Вай дар тӯли 70 сол тахти салтанатро дар ихтиёр дошт, ки ин ӯро тӯлонитарин ҳоким дар таърихи кишвараш кард.
Лентаи хабарҳо
0