https://sputnik.tj/20220910/darguzashti-mansabdor-sughd-sadama-1051308970.html
Даргузашти ду мансабдори Суғд дар садамаи нақлиётӣ: ба Душанбе рафтанӣ буданд
Даргузашти ду мансабдори Суғд дар садамаи нақлиётӣ: ба Душанбе рафтанӣ буданд
Sputnik Тоҷикистон
Ду мақомдори шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон як ҷо ба шаҳри Душанбе рафтанӣ буданд, вале дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ба садама дучор шудааст
2022-09-10T15:12+0500
2022-09-10T15:12+0500
2022-09-12T18:05+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
садамаи нақлиётӣ
истаравшан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103011/88/1030118855_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_c8424603a504cb47539b3ce6bb60104b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Хуҷанд - Душанбе ду мақомдор ҳалок шудааст.Фавтидагон Абдуваҳҳоб Қурбонов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ва Мамурзода Нозим Мамур, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Истаравшан будаанд.Дар бораи рухдоди ин ҳодисаи фоҷеабор, Шодимуҳаммад Сӯфизода, яке аз пайвандони Абдуваҳҳоб Қурбонов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, таасуфбор аст, ки “риштаи умри ду мансабдори Суғд, ки якеи онҳо набераи холааш аст, канда шуд”. Бобоҷони Шафеъ, масъули матбуотии КҲФ Тоҷикистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 9 сентябр соати 11: 40 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар километри 66-уми ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. Бино ба иттилоъи манбаъ сабукрави “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини 37-солаи деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе бо мошини боркаше, ки соҳибаш як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисор аст бархурдааст. Ронандаи мусофирбар ва ду мусофири дигар, ки ҳамагӣ зода ва сокинони шаҳри Истаравшан буда, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол дода шудаанд. Дар КҲФ сабаби рухдоди ин ҳодисаро идора карда натавонистани ронандаи мусофирбар дар муқобили мошини боркашон арзёбӣ мекунанд. ВКД қабл дар бораи омори садамаҳои нақлиётӣ иттилоъ нашр намуда, гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди роҳҳои кишвар бар асари рухдоди 482 садама 180 нафар ба ҳалокат расида, 509 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. ВКД ва КҲФ ба ронандагон дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ таъкид мекунанд.
https://sputnik.tj/20220906/sadama-margbor-ishtiroki-gazbar-aks-1051196449.html
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103011/88/1030118855_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_9665f3dcccb129a3ae114ad9a4910482.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт мансабдор суғд садама душанбе
даргузашт мансабдор суғд садама душанбе
Даргузашти ду мансабдори Суғд дар садамаи нақлиётӣ: ба Душанбе рафтанӣ буданд
15:12 10.09.2022 (Навсозишуда: 18:05 12.09.2022) Ду мақомдор аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон як ҷо ба Душанбе рафтанӣ буданд, вале дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дучори садама шуданд
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Хуҷанд - Душанбе ду мақомдор ҳалок шудааст.
Фавтидагон Абдуваҳҳоб Қурбонов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ва Мамурзода Нозим Мамур, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Истаравшан будаанд.
Дар бораи рухдоди ин ҳодисаи фоҷеабор, Шодимуҳаммад Сӯфизода, яке аз пайвандони Абдуваҳҳоб Қурбонов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, таасуфбор аст, ки “риштаи умри ду мансабдори Суғд, ки якеи онҳо набераи холааш аст, канда шуд”.
Бобоҷони Шафеъ, масъули матбуотии КҲФ Тоҷикистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 9 сентябр соати 11: 40 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар километри 66-уми ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ сабукрави “Mercedes-Benz”, ки ба як сокини 37-солаи деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе бо мошини боркаше, ки соҳибаш як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисор аст бархурдааст.
“Дар натиҷаи ин садама мутаасифона ду мусофири мошини “Mercedes-Benz”, ки яке Абдуваҳҳоб Қурбонови 60 сола ва дуюмӣ Мамурзода Нозими 49 сола, ҳарду сокинони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд”,- иброз намуд, манбаъ.
Ронандаи мусофирбар ва ду мусофири дигар, ки ҳамагӣ зода ва сокинони шаҳри Истаравшан буда, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол дода шудаанд.
Дар КҲФ сабаби рухдоди ин ҳодисаро идора карда натавонистани ронандаи мусофирбар дар муқобили мошини боркашон арзёбӣ мекунанд.
ВКД қабл дар бораи омори садамаҳои нақлиётӣ иттилоъ нашр намуда, гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди роҳҳои кишвар бар асари рухдоди 482 садама 180 нафар ба ҳалокат расида, 509 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
ВКД ва КҲФ ба ронандагон дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ таъкид мекунанд.