https://sputnik.tj/20220909/tojikiston-ruzi-istiqlolashro-jashn-girift-video-1051289661.html
Ифтитоҳи Маҷмааи меъмории рамзи истиқлол дар Душанбе – видео
Ифтитоҳи Маҷмааи меъмории рамзи истиқлол дар Душанбе – видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни истиқлоли Тоҷикистон бо сухани табрикии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ва шарораборон дар болои шаҳри Душанбе оғоз шуд
2022-09-09T15:30+0500
2022-09-09T15:30+0500
2022-09-09T17:13+0500
видео
дар тоҷикистон
истиқлол
таҷлил
душанбе
эмомалӣ раҳмон
оташбозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051289128_0:0:1560:878_1920x0_80_0_0_a47f871d0f0ce6a34201a2cb92218f16.jpg
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар истиқлоли давлатиро муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик номид.“Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад”, — таъкид карданд ӯ.Путин Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфтЁдовар мешавем, ки 8 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ майдони "Истиқлол" ва Маҷмааи меъмории рамзи истиқлол ифтитоҳ карда шуданд.Шодбошию ҳушдори Раҳмон дар 31-умин солгарди истиқлоли ТоҷикистонБаландии "Истиқлол" 121 метр буда, қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисми болоии он 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолиятро ифода менамояд.Масоҳати умумии маҷмааи рамзи истиқлол 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.Дар Душанбе Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” ифтитоҳ шудДар қисми болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи истиқлол тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлол, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051289128_111:0:1287:882_1920x0_80_0_0_6e927d14963dc6a71ae4054b1ce74b3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, рӯзи истиқлол, таҷлил, эмомалӣ раҳмон, ҷашн, шарораборон, истиқлолият
тоҷикистон, душанбе, рӯзи истиқлол, таҷлил, эмомалӣ раҳмон, ҷашн, шарораборон, истиқлолият
Ифтитоҳи Маҷмааи меъмории рамзи истиқлол дар Душанбе – видео
15:30 09.09.2022 (Навсозишуда: 17:13 09.09.2022) Ифтитоҳи Маҷмааи меъмории рамзи истиқлол бо сухани табрикии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва шарораборон дар болои шаҳри Душанбе оғоз шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар истиқлоли давлатиро муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик номид.
“Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад”, — таъкид карданд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 8 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ майдони "Истиқлол" ва Маҷмааи меъмории рамзи истиқлол ифтитоҳ карда шуданд.
Баландии "Истиқлол" 121 метр буда, қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисми болоии он 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолиятро ифода менамояд.
Масоҳати умумии маҷмааи рамзи истиқлол 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Дар қисми болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи истиқлол тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлол, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.