Тақвияти ҳамкориҳои Русияву Афғонистон дар бахши мубориза бо терроризм

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARБоец Талибана стоит у шлагбаума
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
Маскав ва Кобул ҳамкориро дар мубориза бо терроризм пас аз ҳодисаи ахири фоҷиабор дар назди сафорати Русия идома хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Русия ва Афғонистон дар симои ҳукумати кунунии толибон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар заминаи мубориза бо терроризм тақвият бахшанд.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ахиран гуфт, тасмими мазкур баъд аз музокироти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамтои афғонистониаш Амирхон Муттакӣ гиритф шуд.
"Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон дар як гуфтугӯи телефонӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм ба мувофиқа расиданд", - гуфт вай хонум Захарова зимни нишасти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 сентябр субҳ дар назди даромадгоҳи шӯъбаи консулии сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиш рух дод. Дар натиҷаи ин таркиш ду корманди сафорати Русия дар Кобул ва шаш ғайринизомӣ кушта ва 15 нафар дигар маҷрӯҳ шуданд.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Толибон: Дар як сол ҳеҷ рӯзноманигоре дар Афғонистон кушта нашудааст
Масъулияти ҳамларо як гурӯҳи маҳаллии "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт*.
Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор амният дар атрофи бинои сафорати Русия таҳким ёфт ва тафтишот оғоз шудааст.
Хабар дода шудааст, ки дар он Маскав бо хадамоти кашофии Кобул ҳамкорӣ доранд.
*ДИИШ – созмони “Давлати исломӣ” бо қарори Додгоҳи Олии Русия аз 29 декабри соли 2014 созмони террористӣ эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0