Раҳмон ба хонаводаи маликаи фавтида Елизавета II таслият гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
Тулонитарин подшоҳи ҳукмраво дар таърихи Британияи Кабир як рӯз қабл дар Шотландия, дар қалъаи Балморал, дар оғӯши оилааш аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Карли 3-и Британияи Кабир, писари калонии малика Елизаветаи II, ки як рӯз пеш даргузашт, барқияи таслият фиристод.
Паёми таслиятро хадамоти матбуотии сарвари давлат нашр кардааст.
"Аълоҳазрат, хабари даргузашти Улёҳазрат Маликаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II боиси андӯҳи амиқи мо гардид", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, шоҳзода дар тӯли фаъолияти тӯлониаш дар мақоми баланд моҳият ва мӯҳтавои даврони рушди кишварро муайян карда, ҳамчунин Лондонро дар арсаи байналмилалӣ соҳиби эътибор ва эҳтироми бузург кардааст.
"Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар рушду тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад", - омадааст дар хабарнома.
Королева Великобритании Елизавета II - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Маликаи Бритониё Елизавета II даргузашт
Дар поён раисиҷумҳури Тоҷикистон ба пайвандону наздикони шоҳи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, сабри ҷамил таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки Елизаветаи II шоми 8 сентябр даргузашт, вай 96-сола буд.
Ӯ муддати 70 сол тахти салтанатро дар ихтиёр дошт, ки ин ӯро тӯлонитарин салтанат дар таърихи кишвар кард.
Акнун ҷои Елизаветаи II-ро писари калониаш шоҳзода Чарлз ишғол мекунад, ки номи Чарлзи III-ро гирифтааст. Интизор меравад, ки маросими тоҷгузорӣ рӯзи 10 сентябр баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0