Мавқеъҳои нави шатранҷбозони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ аниқ шуд

© Sputnik / Олимпийский комитет ТаджикистанаОдна из участниц из Таджикистана на Всемирной шахматной олимпиаде в Индии
Одна из участниц из Таджикистана на Всемирной шахматной олимпиаде в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) феҳристи рейтингҳоро бар асоси баромади шатранҷбозон дар мусобиқаҳои мардона ва занона нашр мекунад
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Шоҳмотбоз Фаррух Амонатов пешсафӣ дар рейтинги шатранҷбозони тими миллии Тоҷикистонро идома медиҳад, ҳарчанд барои он бозӣ намекунад. Ӯ 2598 хол дорад, маълум кард, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҷои дувум Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бо 2394 имтиёз қарор дорад, Ҷамшед Исаев бо 2311 имтиёз дар сегона қарор гирифт. Икром Иброҳимов бо 2269 имтиёз дар ҷои чаҳорум, Алишер Каримов бо 2258 имтиёз дар ҷои панҷум мебошанд.
Мунтахаби Тоҷикистон миёни мардон дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2247 имтиёз дар ҷои 92-юм қарор дорад. Дар ин раддабандӣ Русия пешсаф аст, дар ҷои дуюм ИМА, дар ҷои сеюм тими миллии Чин қарор дорад.
Таджикский гроссмейстер Амонатов выиграл блицтурнир в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Чаро ягона гроссмейстери тоҷик наметавонад Ватанашро дар чемпионат муаррифӣ кунад?
Дар сабқати яккаса қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсен (Норвегия, 2861) дар ҷои аввал, Динг Лирен (Чин, 2808) ва Ян Непомниаччи (Русия, 2792) муттаносибан дар ҷойҳои дуюм ва сеюм нишастаанд.
Дар байни занони Тоҷикистон Надежда Антонова бо 1909 хол беҳтарин аст. Сабрина Абророва дуюм — 1810 хол дорад. Дар сатри сеюм Мутриба Ҳотамӣ (1803 хол) аст. Рухшона Саидова бо 1663 имтиёз ва Зебо Улуғхоҷаев бо 1604 хол дар зинаҳои чорум ва панҷум нишастаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин феҳрист беш аз 60 нафар намояндагони Тоҷикистон миёни мардону занон ҳастанд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон бо 1587 имтиёз дар ҷои 105-ум қарор дорад. Мунтахаби Чин пешсаф аст, дар ҷойи дувум Русия, дар ҷойи сеюм Ҳиндустон қарор доранд.
Ҳоу Йифан (Хитой, 2650) дар ҷои аввал, Александра Горячкина (Русия, 2579) ва сеюм Ҳумпи Конеру (Ҳиндустон, 2574) дар ҷойҳои дуюму сеюм мебошанд.
Таджикский футбольный арбитр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
Доварони тоҷик барои ҳакамӣ ба Ҷоми Осиё-2023 мераванд
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи шоҳмот дар мавсими имсола барои шоҳмотбозон мусобиқаи муҳим гардид. Дар Ченнай (Ҳиндустон) Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонӣ баргузор шуд. Дар чорабинии бошукӯҳ беш аз 1700 бозигар ва 350 даста, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.
Дар олимпиада дастаҳои мардона аз 186 кишвар ва дар сабқати занон аз 162 даста ширкат карданд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ – 5 ғалаба, 2 мусовӣ ва 4 бохт анҷом додааст. Дастаи занона низ дар 11 бозӣ - 4 пирӯзӣ, 3 мусовӣ ва 4 бохт дошт.
Лентаи хабарҳо
0