https://sputnik.tj/20220909/mahv-guruh-nashajallob-tojikiston-qirghiziston-1051289462.html
Маҳви гурӯҳи нашъаҷаллоб, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон маводи мухаддири афғонӣ бурд
Маҳви гурӯҳи нашъаҷаллоб, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон маводи мухаддири афғонӣ бурд
Кормандони мақомоти қурдратии Қирғизистон тавонистаанд аз қочоқи маводи мухаддири афғонӣ дар масири Тоҷикистон бо ин кишвар пешгирӣ кунанд
2022-09-09T14:25+0500
2022-09-09T14:25+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
фурӯши нашъа
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар русия
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051278032_0:20:1024:596_1920x0_80_0_0_6fe1fce344f03e622aa06524d47cbb77.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар вилояти Ӯши Қирғизистон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии амалиёти вижа анҷом додаанд, ки дар натиҷаи он аз фаъолияти як гурӯҳи байналмилалии нашъаҷаллоб пешгирӣ шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ҷумҳурӣ, қочоқбарон маводи нашъаовари вазнин – чарси тавлиди Афғонистонро интиқол медоданд. Сухан дар бораи 17,2 кг маводи мухаддир меравад, ки дар масири Тоҷикистон – Қирғизистон мегузашт. Мёни боздоштшудаҳо узви иттиҳодияи ҷамъиятии "Палатаи "Элдик"-и Анҷумани халқии зидди фасод низ будааст. Дар ҳоли ҳозир гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ӯш ва вилояти он ҷойгир шудаанд.Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои муайян кардани аъзои дигари гурӯҳи нашъаҷаллоб чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро идома медиҳанд. Қаблан Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия гуфта буд, бо вуҷуди ваъдаҳои толибон, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон на танҳо коҳиш наёфтааст, балки ҳатто густариш ёфтааст.Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ изҳор дошт, ки афзоиши вуруди нашъаи афғонӣ нишон медиҳад, ки толибон дар ин самт вақдаашонро иҷро накардаанд ва он бамаротиб зиёд шудааст.
https://sputnik.tj/20220805/afzoishi-qochoqi-mavodi-mukhaddir-tojikiston-tolibon-1050510674.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/09/1051278032_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_adb0f2982edc253a32f2b3444bb9f43b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
маҳв гуруҳ нашъаҷаллоб тоҷикистон қирғизистон мавод мухаддир афғонӣ
маҳв гуруҳ нашъаҷаллоб тоҷикистон қирғизистон мавод мухаддир афғонӣ
Маҳви гурӯҳи нашъаҷаллоб, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон маводи мухаддири афғонӣ бурд
14:25 09.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Кормандони мақомоти қурдратии Қирғизистон тавонистаанд аз қочоқи маводи мухаддири афғонӣ дар масири Тоҷикистон бо ин кишвар пешгирӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар вилояти Ӯши Қирғизистон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии амалиёти вижа анҷом додаанд, ки дар натиҷаи он аз фаъолияти як гурӯҳи байналмилалии нашъаҷаллоб пешгирӣ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ҷумҳурӣ, қочоқбарон маводи нашъаовари вазнин – чарси тавлиди Афғонистонро интиқол медоданд.
Сухан дар бораи 17,2 кг маводи мухаддир меравад, ки дар масири Тоҷикистон – Қирғизистон мегузашт.
Мёни боздоштшудаҳо узви иттиҳодияи ҷамъиятии "Палатаи "Элдик"-и Анҷумани халқии зидди фасод низ будааст.
Дар ҳоли ҳозир гумонбаршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ӯш ва вилояти он ҷойгир шудаанд.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои муайян кардани аъзои дигари гурӯҳи нашъаҷаллоб чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Қаблан Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия гуфта буд, бо вуҷуди ваъдаҳои толибон, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон на танҳо коҳиш наёфтааст, балки ҳатто густариш ёфтааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ изҳор дошт, ки афзоиши вуруди нашъаи афғонӣ нишон медиҳад, ки толибон дар ин самт вақдаашонро иҷро накардаанд ва он бамаротиб зиёд шудааст.