Аз ҳомиладории сунъӣ то пули бештар. Вазири тоҷик дастовардҳои замони истиқлолро гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМинистр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода
Министр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон саломатии мардум ба ҳадафи стратегӣ табдил ёфта, ташхису табобати шаҳрвандон осон шудааст, мегӯяд вазир
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маблағгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар 31 соли соҳибистиқлолӣ аз 956 ҳазор ба 2,88 млрд расонда шуд.
Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни номбар кардани дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар суҳбат бо "Ховар" баён доштааст.
Ба гуфтаи вазир дастовардҳои олимони тибби тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ воқеан назаррас мебошад.
"Махсусан, аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар ин давра бори аввал ҷумҳурӣ ба муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикӣ ноил гашт", - изҳор дошт вазир.
День независимости  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Раванди истиқлоли Тоҷикистон дар тасвирбаён
Амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда, ҷигар, ивази буғум, амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ дар соҳаи акушерӣ - гинекологӣ, стенткунонии роҳҳои шараёни қалб ва амалиёти ҷарроҳии пластикӣ, табобат бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва ҳомиладоркунии сунъии занҳоро вазири тандурустӣ аз дастовардҳои дигари соҳа гуфт.
Ӯ афзуд, ба муассисаҳои тиббии кишвар дастгоҳҳои замонавӣ ворид гардиданд, ки дар натиҷа ташхис ва табобати шаҳрвандон осон шуд.
"Нишондиҳандаҳои асосии соҳа ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи тандурустии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,3 сол расид. Ҳоло он ки соли 1990 ин рақам ба 70,1 сол баробар буд", - изҳор дошт ӯ.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид. Масалан, агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло ба 5116 адад расидааст. Ин ҳама пешравиҳо маҳз самараи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0