Боздошту ҳабси репсарои шинохта "Ралик"

© SputnikАвтомобиль милиции, архивное фото
Автомобиль милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
Мақомот ӯро барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва халал расониданд ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифа дастгир кардаанд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Репсарои шинохтаи тоҷик Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, ки миёни ҳаводоронаш бо тахаллуси Ралик машҳур аст, боздошту ҳабс шудааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, мавсуф ба кормандони ин ниҳод зимни иҷрои вазифа халал эҷод кардааст.
Гуфта мешавад, репсарои 24-сола, санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ, дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст.
"Ҳамзамон, номбурда бо амалу рафтори нописандидаи худ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитсия шаҳри Душанбе монеагӣ эҷод намудааст,"- афзудааст манбаъ.
Ҳамин тариқ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, зимни санҷиш кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда пурра исботи худро ёфтанд ва ӯ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.
© РВКД ДушанбеМуродов Рамазон Ҳоҷиевич, ки миёни ҳаводоронаш бо тахаллуси "Ралик" машҳур аст
Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, ки миёни ҳаводоронаш бо тахаллуси Ралик машҳур аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, ки миёни ҳаводоронаш бо тахаллуси "Ралик" машҳур аст
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати репсаро Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.
Аммо дар ҳамин ҳол, назари худи ҳабсшуда, ва дар чӣ шароит бо кормандони пулис вориди нофаҳмӣ шуданаш дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати боздошти репсароён нест.
Қаблан ин ин ниҳод репсарои дигари шинохта Наврӯз Валиев, ки бо тахаллуси “Navik-MC” машҳур мебошад, барои кирдори зиддиҷамъиятияш ҳабс карда буд.
Лентаи хабарҳо
0