Занбӯр чӣ тавр неш мезанад? Низомиён ҷанги зиддиҳавоиро намоиш доданд- видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия наворҳои нав аз кори системаҳои зиддимушакии Оса-АКМ дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Донбассро нашр кард
Системаҳои зиддимушакии Оса-АКМ барои дифои ҳавоии мавқеъҳои нерӯҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижа ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.
Чунин системаҳо аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳо, чархболҳо, мушакҳои болдор, паҳподҳо ва дигар силоҳҳои ҳамлаи ҳавоӣ дар баландиҳои миёна, паст ва ниҳоят паст дар шароити душвори ҳавоӣ ҳимоят мекунанд.
Миёни ду оташ. Сарнавишти ваҳмангези Зеленский маълум шуд
"Чунин системаҳо метавонанд ҳадафҳои ҳавоиро дар масофаи то 10 ҳазор метр нобуд кунанд", мегӯянд низомиён.
Низомиён илова намуданд, ки аз лаҳзаи гирифтани фармон ба cap додан хамагй чанд сония мегузарад.
Русия аз амалиёт дар Украина чӣ бурду чӣ бохт? Посухи Путин
Ба гуфтаи низомиён, ин система худро дар мубориза бо паҳподҳо хуб нишон додааст.
Сарбози Русия мегӯяд, дар оғози амалиёти махсус, системи “Оса” паҳподҳои зиёдеро нобуд кард, аз қабили Байрактар ва дигар паҳподҳои истеҳсоли хориҷӣ. Ҳоло шумораи онҳо хеле кам шудааст, бисёре аз онҳо тавассути сестемаи “Оса” нобуд карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0