Толибон: Давлати муваққат дар Афғонистон идома хоҳад дошт

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид
Представитель Талибана Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Обуна шудан
Сухангӯи толибон эълон кард, то замоне ки нуқсонҳо дар ҳукуматдорӣ вуҷуд доранд, ҳайати ҳокимаи ҳукумати сарпарасти Афғонистон ба кори худ идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯӣ толибон дар нишасти тавзеҳотие дар хусуси чигунагии идомаи кори давлати муваққати ин гурӯҳ иттилоеро ироа кард, хабар додааст ожонси иттилоотии “Парс тудэй”.
Вай афзуд, ки кабинаи толибон ба хотири бархе аз нуқсонҳо сарпарастаст ва аммо ин сарпарастӣ муваққатӣ хоҳад буд.
Муҷоҳид идома дод, ки бархе нуқсонҳо аз ҷумла набуди шӯро ва қонуни асосӣ вуҷуд дорад ва вузарои кабина, ки дар ҳоли ҳозир сарпараст ҳастанд дар кори худ кӯтоҳӣ накарданд.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Муҷоҳид: Бегонагон дар пайи танишофаринӣ миёни Афғонистон ва ҳамсоягонаш ҳастанд
Ин дар ҳолеаст, ки бо гузашти як сол аз тасаллути толибон бар Афғонистон то кунун ҳеҷ кишваре ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
Ташкили давлати фарогир, мубориза бо тероризму эҳтиром ба ҳуқуқи башар аз шартҳои умдаи кишварҳо барои шнососӣ толибон аст.
Пеш аз ин низ Муллоёқуб дар мусоҳиба ба хабаргузории “Онпиор” гуфта буд, ки то кунун тасмим дар бораи навъи ҳукумат дар оянда гирифта нашудааст ва давлати муваққати идома хоҳад дошт.
Вай таъкид карда буд, ки қадамҳои баъдӣ бар асоси шароити Афғонистони гирифта хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0