https://sputnik.tj/20220908/nebenziya-khayol-gharb-gurezagon-ukraina-posukh-1051240115.html
Небензия ба "хаёлҳои" Ғарб дар бораи гурезагон аз Украина посух дод
Небензия ба "хаёлҳои" Ғарб дар бораи гурезагон аз Украина посух дод
Sputnik Тоҷикистон
Дипломат ба иттиҳомоти бардурӯғи Иёлоти Муттаҳида, Албания ва Британияи Кабир дар бораи муҳоҷирони гӯё иҷборан ихроҷшудаи украинӣ ишора кард
2022-09-08T11:54+0500
2022-09-08T11:54+0500
2022-09-08T11:54+0500
ғарб
украина
сиёсат
гурезагон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_0:0:2947:1657_1920x0_80_0_0_c805cac48d44e8c2323f26faa88d17ec.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Гурезаҳое, ки аз Украина ба Русия мераванд, аз расмиёти сабти ном мегузаранд, на аз “филтр”. Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар ин созмон зимни нишасти Шӯрои амнияти СММ изҳор дошт. Дипломат таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки расмиёти мушобеҳ дар Полша ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки оворагони дохилии украиниро қабул мекунанд, истифода мешаванд. Небензя ҳамчунин афзуд, ки ҳатто расонаҳои ғарбӣ наметавонанд аз он нодида бигиранд, ки теъдоди зиёди гурезаҳо талош доранд ба қаламравҳои Украина, ки Русия озод кардааст, ворид шаванд. "Дар гузаргоҳи Запороже навбати тӯлонӣ саф ороста дида мешавад, ки тавассути он ҳар рӯз то 700 нафар пас аз фаҳмидани маълумоти объективӣ аз дӯстону наздикон дар бораи ҳаёти осоиштаи зодгоҳҳо ва деҳоти худ ба хона бармегарданд", - хулоса кард дипломат.Қаблан намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Албания ва Бритониё Маскавро муттаҳам карда буданд, ки гӯё алайҳи украиниҳое, ки ба Русия ва ё дар қаламравҳои таҳти назорати он ворид мешаванд, "амалиёти софзозӣ" анҷом додааст. Дар ҳамин ҳол, ёвари дабири кулли СММ дар умури ҳуқуқи башар Илзе Брандс-Кехрис ин далелро тасдиқ кард, ки ба гурезагон дар қаламрави Федератсияи Русия имкони бозгашт ба Украина ё рафтан ба кишвари дигар дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220903/1051134550.html
ғарб
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/98/1024379886_16:0:2745:2047_1920x0_80_0_0_dfb8220d0e2ec59a50c416ac83368a14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
небензия хаёлҳо ғарб гурезагон украина
небензия хаёлҳо ғарб гурезагон украина
Небензия ба "хаёлҳои" Ғарб дар бораи гурезагон аз Украина посух дод
Дипломат ба иттиҳомоти бардурӯғи Иёлоти Муттаҳида, Албания ва Британияи Кабир дар бораи муҳоҷирони гӯё иҷборан ихроҷшудаи украинӣ ишора кард
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Гурезаҳое, ки аз Украина ба Русия мераванд, аз расмиёти сабти ном мегузаранд, на аз “филтр”.
Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар ин созмон зимни нишасти Шӯрои амнияти СММ изҳор дошт.
Дипломат таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки расмиёти мушобеҳ дар Полша ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки оворагони дохилии украиниро қабул мекунанд, истифода мешаванд.
"Ҳамкасбони ғарбӣ дар бораи ихроҷи иҷбории украиниҳо ба қаламрави Русия аз воқеият то чӣ андоза бо хаёлҳои худ дур рафтаанд, ки аз вазъ "дар замин" дида мумкин аст", - гуфт ӯ.
Небензя ҳамчунин афзуд, ки ҳатто расонаҳои ғарбӣ наметавонанд аз он нодида бигиранд, ки теъдоди зиёди гурезаҳо талош доранд ба қаламравҳои Украина, ки Русия озод кардааст, ворид шаванд.
"Дар гузаргоҳи Запороже навбати тӯлонӣ саф ороста дида мешавад, ки тавассути он ҳар рӯз то 700 нафар пас аз фаҳмидани маълумоти объективӣ аз дӯстону наздикон дар бораи ҳаёти осоиштаи зодгоҳҳо ва деҳоти худ ба хона бармегарданд", - хулоса кард дипломат.
Қаблан намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Албания ва Бритониё Маскавро муттаҳам карда буданд, ки гӯё алайҳи украиниҳое, ки ба Русия ва ё дар қаламравҳои таҳти назорати он ворид мешаванд, "амалиёти софзозӣ" анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол, ёвари дабири кулли СММ дар умури ҳуқуқи башар Илзе Брандс-Кехрис ин далелро тасдиқ кард, ки ба гурезагон дар қаламрави Федератсияи Русия имкони бозгашт ба Украина ё рафтан ба кишвари дигар дода шудааст.