https://sputnik.tj/20220908/korshinos--tolibon-tojikiston-hamla-1051266483.html
Коршинос гуфт, дар чӣ ҳолат толибон ба Тоҷикистон ҳамла хоҳанд кард
Коршинос гуфт, дар чӣ ҳолат толибон ба Тоҷикистон ҳамла хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси рус ҳамлаи гурӯҳи толибон ба хоки Тоҷикистонро машрут ба чанд иқдоме медонад, ки ба сиёсатҳои Душанбе дар оянда вобастаанд
2022-09-08T22:00+0500
2022-09-08T22:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
ҳамлаи толибон
марз
коршинос
толибон
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044628787_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_b84e21e1eb40da910d7cf775deef1225.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Ҳамлаи толибон ба Тоҷикистон дар ду ҳолат имконпазир аст, мегӯяд Дмитрий Евстафев, сиёсатшинос ва профессори Мактаби олии иқтисодии Русия.Ба гуфтаи коршиноси рус, яке аз шартҳои ҳамлаи толибон ба Тоҷикистон ин таъсиси урдӯгоҳи тамринотӣ барои мухолифини толибон дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аст.Вай таъкид кард, ки шарти дигар ин агар толибонро аз роҳҳои дарёфти ғизо ва кумакҳои башардӯстона комилан канда кунанд дар он сурат ҷангҷӯёни ин гӯрӯҳ роҳи дигар ғайр аз ҳамла надоранд.Евстафев бар ин назар аст, ки муноқиша бо Душанбе метавонад хеле хушунатбор бошад ва радикалҳо барои ба даст овардани натиҷаи низомӣ талош хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки пештар муовини фармондеҳи Қулурдӯи 217-и умарии толибон гуфта буд, ки нерӯҳои онон қодиранд, дар як ҳафта кишвари Тоҷикистонро тасхир кунанд.Муовини Қулурдӯи умарии толибон ба Тоҷикистон ҳушдор дода афзуд, дар сурате ки ин кишвари даст аз “мудохилаҳо дар умури дохилии Афғонистон накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, ин кишварро зарфи як ҳафта тасхир мекунанд”.Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба толибон барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.Қаблан Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар хутбаи намози ҷумъае гуфта буд, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон (Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд.Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи толибон борҳо гуфт, ки онҳо иҷоза намедиҳанд, аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад.Ёдрас менамоем, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибон Тоҷикистон бо ин ҳукумат ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст.
https://sputnik.tj/20220908/korshinosi-pokistoni-tolibon-amniyati-afghoniston-afsona-1051237201.html
https://sputnik.tj/20220803/tolibon-agar-rusiya-pushti-tojikiston-naboshad-dar-yak-hafta-in-kishvarro-taskhira-mekunem-1050455784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044628787_37:0:2768:2048_1920x0_80_0_0_37bcf4e1b58048ad46c08fa17eda4a91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, ҳамла, толибон, коршинос, сиёсат, амният
русия, тоҷикистон, ҳамла, толибон, коршинос, сиёсат, амният
Коршинос гуфт, дар чӣ ҳолат толибон ба Тоҷикистон ҳамла хоҳанд кард
22:00 08.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Коршиноси рус ҳамлаи гурӯҳи толибон ба хоки Тоҷикистонро машрут ба чанд иқдоме медонад, ки ба сиёсатҳои Тоҷикистон дар оянда вобастаанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Ҳамлаи толибон ба Тоҷикистон дар ду ҳолат имконпазир аст, мегӯяд Дмитрий Евстафев, сиёсатшинос ва профессори Мактаби олии иқтисодии Русия.
Ба гуфтаи коршиноси рус, яке аз шартҳои ҳамлаи толибон ба Тоҷикистон ин таъсиси урдӯгоҳи тамринотӣ барои мухолифини толибон дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аст.
Вай таъкид кард, ки шарти дигар ин агар толибонро аз роҳҳои дарёфти ғизо ва кумакҳои башардӯстона комилан канда кунанд дар он сурат ҷангҷӯёни ин гӯрӯҳ роҳи дигар ғайр аз ҳамла надоранд.
"Дар ин ҳолат ҳамчун чораи "тарсондан"-и атрофиён онҳо қодиранд, на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба Туркманистон низ зарба зананд, ки минтақаи дарози хатарзо доранд", - мегӯяд сиёсатшинос.
Евстафев бар ин назар аст, ки муноқиша бо Душанбе метавонад хеле хушунатбор бошад ва радикалҳо барои ба даст овардани натиҷаи низомӣ талош хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки пештар муовини фармондеҳи Қулурдӯи 217-и умарии толибон гуфта буд, ки нерӯҳои онон қодиранд, дар як ҳафта кишвари Тоҷикистонро тасхир кунанд.
Муовини Қулурдӯи умарии толибон ба Тоҷикистон ҳушдор дода афзуд, дар сурате ки ин кишвари даст аз “мудохилаҳо дар умури дохилии Афғонистон накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, ин кишварро зарфи як ҳафта тасхир мекунанд”.
Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба толибон барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.
Қаблан Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар хутбаи намози ҷумъае гуфта буд, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон (Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.
Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд.
Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи толибон борҳо гуфт, ки онҳо иҷоза намедиҳанд, аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад.
Ёдрас менамоем, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибон Тоҷикистон бо ин ҳукумат ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст.