https://sputnik.tj/20220908/kishvar-furushi-sukhti-havopaymoro-tojikiston-ziyod-1051245553.html
Маълум шуд, ки кадом кишвар фурӯши сӯхти ҳавопайморо ба Тоҷикистон зиёд кардааст
Маълум шуд, ки кадом кишвар фурӯши сӯхти ҳавопайморо ба Тоҷикистон зиёд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, айни замон муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар сатҳи баланд қарор дошта, барои соҳибкорӣ заминаи қавии ҳамкории фароҳам шудааст
2022-09-08T14:25+0500
2022-09-08T14:25+0500
2022-09-08T14:25+0500
дар тоҷикистон
туркия
содирот
сӯзишворӣ
ҳавопаймо
ҳамкорӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/77/1019737759_0:99:2821:1686_1920x0_80_0_0_26b468d4d4d6f1d5430f70de7200d3cd.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Идораи танзими бозори энержии Туркия дар гузориши ахираш аз афзоиши содироти сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “trend.az”.Тибқи иттилои манбаъ, дар моҳи июни соли 2022 Туркия ба Тоҷикистон 135,7 тонна сӯзишвории ҳавопаймо содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (112,9 тонна) 20,1 дарсад бештар аст.Ба иттилои ин ниҳод, ин рақам низ нисбат ба моҳи майи соли 2022 (131,6 тонна) 3,1 дарсад афзоиш ёфтааст.Ҳаҷми воридоти сӯхти ҳавопаймо Тоҷикистон аз Туркия дар моҳҳои январ-июни соли 2022 759,3 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (806,9 тонна) 5,8 фоиз камтар аст.Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми содироти Туркия ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба 64,9 миллион доллар расидааст.Ёдовар мешавем, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод.Маҷмуан, солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллар (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла 124 млн. доллар (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондодҳо Туркия мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.
https://sputnik.tj/20220806/kulob-sohibkoron-turkiya-eron-belgiya-sarmoyaguzori-1050535471.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/77/1019737759_90:0:2821:2048_1920x0_80_0_0_f95531636146f200a7159a56b9b37ea4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сӯхти ҳавопаймо, содирот, туркия, зиёд, харид, фурӯх
тоҷикистон, сӯхти ҳавопаймо, содирот, туркия, зиёд, харид, фурӯх
Маълум шуд, ки кадом кишвар фурӯши сӯхти ҳавопайморо ба Тоҷикистон зиёд кардааст
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, айни замон муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар сатҳи баланд қарор дошта, барои соҳибкорӣ заминаи қавии ҳамкории фароҳам шудааст
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Идораи танзими бозори энержии Туркия дар гузориши ахираш аз афзоиши содироти сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “trend.az”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар моҳи июни соли 2022 Туркия ба Тоҷикистон 135,7 тонна сӯзишвории ҳавопаймо содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (112,9 тонна) 20,1 дарсад бештар аст.
Ба иттилои ин ниҳод, ин рақам низ нисбат ба моҳи майи соли 2022 (131,6 тонна) 3,1 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми воридоти сӯхти ҳавопаймо Тоҷикистон аз Туркия дар моҳҳои январ-июни соли 2022 759,3 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (806,9 тонна) 5,8 фоиз камтар аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми содироти Туркия ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба 64,9 миллион доллар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод.
Маҷмуан, солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллар (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла 124 млн. доллар (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондодҳо Туркия мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.