https://sputnik.tj/20220908/edomi-shahrvandi-afghoniston-zindonhoi-eron-1051250445.html
Эъдоми ду шаҳрванди Афғонистон дар зиндонҳои Эрон
Эъдоми ду шаҳрванди Афғонистон дар зиндонҳои Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Манобеи мардумӣ дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон мегӯянд, ки ду шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон эъдом шудаанд
2022-09-08T16:00+0500
2022-09-08T16:00+0500
2022-09-08T16:00+0500
эрон
афғонистон
осиёи марказӣ
эъдом
шаҳрванд
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/45/1031194548_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0d32760467336e1daf7c75fef768e4b0.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Манобеъ мегӯянд, ки ин ду шаҳрванди Афғонистони ахиран дар зиндонҳои Миноб ва Бандараббоси Эрон ба дор овехта шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба рӯзномаи “Ҳашти субҳ”.Манобеъ дар Нимрӯз меафзоянд, ки яке аз эъдомшудаҳо Аллоҳнур Солорзай ном дошт ва дар соли 1399 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддири боздошт шуда буд.Манобеъ Солорзайро 23 сола гуфтаанд.Гуфта мешавад, Солорзай сокини вилоят Нимрӯз аст ва соҳиби ду фарзанд будааст, ки феълан дар Зобули Эрон зиндагӣ мекунанд.Ба гуфта манобеъ, Ёрмаҳмади Исҳоқзай, шаҳрванди дигар Афғонистон аст, ки дар зиндони Бандараббос маҳбус буд.Исҳоқзай ҳам сокини вилояти Нимрӯз буд ва дар соли 1399 ба иттиҳоми муртабит бо маводи мухаддир дар Бандараббоси Эрон боздошт шуда буд.Гуфта мешавад, ки ҷасади Ёрмаҳмади 40-сола ба бемористон дар Бандараббос мунтақил шуда ва хонивода ӯ токунун аз эъдомаш бе хабаранд.Эрон яке аз кишварҳоест, ки бо омори баланди эъдом шинохта мешавад.Ин кишвар борҳо шаҳрвандони Афғонистонро бо ҷурмҳои гуногун боздошт ва эъдом кардааст.Пеш аз ин низ як шаҳрванди Афғонистон ба номи Худоназар аз вулусволии Морҷаҳи Ҳилманд, ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар зиндони Зоҳидӣ эъдом ва ҷасадаш ба Афғонистон мунтақил шуда буд.
https://sputnik.tj/20220908/korshinosi-pokistoni-tolibon-amniyati-afghoniston-afsona-1051237201.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/45/1031194548_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_bc9dd1ec479d6acd72dcf756625c03c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, эъдом, шаҳрванд, зиндонӣ, нирӯз
афғонистон, эрон, эъдом, шаҳрванд, зиндонӣ, нирӯз
Эъдоми ду шаҳрванди Афғонистон дар зиндонҳои Эрон
Манобеи мардумӣ дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон мегӯянд, ки ду шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон эъдом шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Манобеъ мегӯянд, ки ин ду шаҳрванди Афғонистони ахиран дар зиндонҳои Миноб ва Бандараббоси Эрон ба дор овехта шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба рӯзномаи “Ҳашти субҳ”.
Манобеъ дар Нимрӯз меафзоянд, ки яке аз эъдомшудаҳо Аллоҳнур Солорзай ном дошт ва дар соли 1399 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддири боздошт шуда буд.
Манобеъ Солорзайро 23 сола гуфтаанд.
Гуфта мешавад, Солорзай сокини вилоят Нимрӯз аст ва соҳиби ду фарзанд будааст, ки феълан дар Зобули Эрон зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфта манобеъ, Ёрмаҳмади Исҳоқзай, шаҳрванди дигар Афғонистон аст, ки дар зиндони Бандараббос маҳбус буд.
Исҳоқзай ҳам сокини вилояти Нимрӯз буд ва дар соли 1399 ба иттиҳоми муртабит бо маводи мухаддир дар Бандараббоси Эрон боздошт шуда буд.
Гуфта мешавад, ки ҷасади Ёрмаҳмади 40-сола ба бемористон дар Бандараббос мунтақил шуда ва хонивода ӯ токунун аз эъдомаш бе хабаранд.
Эрон яке аз кишварҳоест, ки бо омори баланди эъдом шинохта мешавад.
Ин кишвар борҳо шаҳрвандони Афғонистонро бо ҷурмҳои гуногун боздошт ва эъдом кардааст.
Пеш аз ин низ як шаҳрванди Афғонистон ба номи Худоназар аз вулусволии Морҷаҳи Ҳилманд, ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар зиндони Зоҳидӣ эъдом ва ҷасадаш ба Афғонистон мунтақил шуда буд.