https://sputnik.tj/20220907/zarfiyat-nassoji-tojikiston-toshkand-1051230231.html
Зарфияти нассоҷии Тоҷикистон дар Тошканд муаррифӣ мешавад
Зарфияти нассоҷии Тоҷикистон дар Тошканд муаррифӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Нассоҷӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои ояндадор маҳсуб шуда, маҳсулоти ин соҳа ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо содир мешавад
2022-09-07T18:00+0500
2022-09-07T18:00+0500
2022-09-07T18:00+0500
дар тоҷикистон
саноат
санъати нассоҷӣ
намоишгоҳ
тошканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462718_0:314:3083:2048_1920x0_80_0_0_cedf7974568a42997e25afd2f305f051.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи саноати сабук дар Тошканд зарфиятҳои кишварро муаррифӣ мекунанд. Ба иттилои баргузоркунандагон, беш аз 15 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии "Таҷҳизот ва технологияҳои нассоҷӣ - CAITME 2022" ширкат мекунанд. Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони кишварҳои гуногун навтарин технологияи нассоҷӣ, инчунин намунаҳои беҳтарини саноати дӯзандагиро намоиш медиҳанд. Интизор меравад, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо ширкатҳои хориҷӣ қарордодҳо ва созишномаҳои ояндадор имзо кунад.Ин дар ҳолест, ки зарфиятҳои соҳа дар Тоҷикистон бузург арзёбӣ мешаванд, чун кишвар аз тавлидкунандаҳои аслии пахта дар минтақа буда, қисми зиёди он асосан дар шакли хом содир мешавад. Феълан талош сурат гирифта истодааст, ки ба соҳа сармоягузориҳо сурат гирифта истодааст. Аз ҷумла дар намоишгоҳи байналмилалӣ “Текстиллегпром”, ки то 9 сентябр дар шаҳри Маскав идома мекунад, 9 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон иштирок доранд. Дар феҳрасти иштирокдорон корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии “Ваҳдат Текстил”, “KOTA Глобал”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Oртекс”, “Раҳимов А. А.”, “Сифат Саноат” “ТoҷТекс” ва “ХИМА Текстил” зикр шудаанд.
https://sputnik.tj/20220707/jurobho-tojiki-rusiya-bozorgir-1049824094.html
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462718_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a0826461049953e9a9042096c5864363.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нассоҷон, тоҷик, тошканд, маҳсулот, намоиш
нассоҷон, тоҷик, тошканд, маҳсулот, намоиш
Зарфияти нассоҷии Тоҷикистон дар Тошканд муаррифӣ мешавад
Нассоҷӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои ояндадор маҳсуб шуда, маҳсулоти ин соҳа ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо содир мешавад
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи саноати сабук дар Тошканд зарфиятҳои кишварро муаррифӣ мекунанд.
Ба иттилои баргузоркунандагон, беш аз 15 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии "Таҷҳизот ва технологияҳои нассоҷӣ - CAITME 2022" ширкат мекунанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони кишварҳои гуногун навтарин технологияи нассоҷӣ, инчунин намунаҳои беҳтарини саноати дӯзандагиро намоиш медиҳанд.
Интизор меравад, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо ширкатҳои хориҷӣ қарордодҳо ва созишномаҳои ояндадор имзо кунад.
Ин дар ҳолест, ки зарфиятҳои соҳа дар Тоҷикистон бузург арзёбӣ мешаванд, чун кишвар аз тавлидкунандаҳои аслии пахта дар минтақа буда, қисми зиёди он асосан дар шакли хом содир мешавад.
Феълан талош сурат гирифта истодааст, ки ба соҳа сармоягузориҳо сурат гирифта истодааст.
Аз ҷумла дар намоишгоҳи байналмилалӣ “Текстиллегпром”, ки то 9 сентябр дар шаҳри Маскав идома мекунад, 9 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон иштирок доранд.
Дар феҳрасти иштирокдорон корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии “Ваҳдат Текстил”, “KOTA Глобал”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Oртекс”, “Раҳимов А. А.”, “Сифат Саноат” “ТoҷТекс” ва “ХИМА Текстил” зикр шудаанд.