https://sputnik.tj/20220907/tolibon-jang-panjsher-hirot-neru-jamovari-1051231306.html
Толибон барои ҷанг бо Панҷшер аз Ҳирот нерӯ ҷамъоварӣ мекунанд
Толибон барои ҷанг бо Панҷшер аз Ҳирот нерӯ ҷамъоварӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Манобеи мардумӣ мегӯяд, ки ҳукумати муваққати толибон барои тадовуми ҷанг дар шимол ба хусус дар Панҷшер аз вилояти Ҳирот сарбозгирӣ мекунанд
2022-09-07T20:00+0500
2022-09-07T20:00+0500
2022-09-07T20:00+0500
афғонистон
ҷанг
панҷшер
нерӯ
толибон
ҷамъоварӣ
шимол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_78be3d4f3a7880c17ff99564c4dfe0e5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Манобее ба расонаи “Ҳашти субҳ” хабар додаанд, ки толибон ба вулусволонаш дар Ҳирот дастур додаанд, то ҳар кадоме теъдоди мушаххасе аз ҷангҷӯёнро аз бахшҳои мухталифи ин вилоят ҷамъоварӣ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Аз сӯии дигар, манбае аз суфуфи толибон, ки намехоҳад номе аз ӯ гирифта шавад, низ таъйид мекунад, ки вулусволони ин гурӯҳ дар Ҳирот аз Кобул дастур дарёфт кардаанд то 500 ҷангҷӯ барои ҷанг ба Панҷшер бифиристанд.Бар асоси маълумоти ин манобеъ аз ҳар вулусволӣ 30 то 70 ҷангҷӯ хоста шуда ва қарор аст барои тадовуми ҷанг ба Панҷшер фиристода шаванд.Як манбаи дигар низ дар Ҳирот мегӯяд, ки толибон барои ҷанг дар Панҷшер аз бархе мадориси динӣ дар ин вилоят низ нерӯ ҷамъоварӣ кардаанд.Ба гуфтаи ин манба, ахиран шуморе аз шогирдони мадориси динӣ бо ҳамдеворҳояшон худо ҳофизӣ карданду қарор шудааст, ки онҳо ба Панҷшер эъзом шаванд .Пеш аз ин низ толибон аз вилоятҳои ғарбии кишвар аз ҷумлаи Ғӯр ва Бодғис барои ҷанг дар Панҷшер нерӯ фиристодаанд.Пас аз иваз шудани ҳокимият дар моҳи августи соли 2021 вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бадтар шуд. Дар кишвар бӯҳрони башардӯстона ба амал омад. Бар асари мунҷамид шудани дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва тарки оммавии мутахассисон боиси мушкилоти ҷиддӣ дар бахши тиб гардид.Дар Афғонистон низ вазъи иқтисодӣ босуръат бад мешавад: қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Садҳо ҳазор нафар аз кор маҳрум ва фаъолияти молӣ дар ин кишвар башиддат коҳиш ёфтааст.Таҳти рохбарии толибон давлат дар вазъияти вазнин қарор дорад, қашшокӣ, терроризм ва савдои маводи мухаддир дар он авҷ гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220907/mujohid-mardumi-afghoniston-nizom-hukumat-hamkori-1051230467.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623526_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_f84f9a0dbf754d485a0b41b3633a7e44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, нерӯ, ҷамъоварӣ, ҳирот, ҷанг, панҷшер
афғонистон, толибон, нерӯ, ҷамъоварӣ, ҳирот, ҷанг, панҷшер
Толибон барои ҷанг бо Панҷшер аз Ҳирот нерӯ ҷамъоварӣ мекунанд
Манобеи мардумӣ мегӯяд, ки ҳукумати муваққати толибон барои тадовуми ҷанг дар шимол, бахусус дар Панҷшер аз вилояти Ҳирот сарбозгирӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Манобее ба расонаи “Ҳашти субҳ” хабар додаанд, ки толибон ба вулусволонаш дар Ҳирот дастур додаанд, то ҳар кадоме теъдоди мушаххасе аз ҷангҷӯёнро аз бахшҳои мухталифи ин вилоят ҷамъоварӣ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Аз сӯии дигар, манбае аз суфуфи толибон, ки намехоҳад номе аз ӯ гирифта шавад, низ таъйид мекунад, ки вулусволони ин гурӯҳ дар Ҳирот аз Кобул дастур дарёфт кардаанд то 500 ҷангҷӯ барои ҷанг ба Панҷшер бифиристанд.
Бар асоси маълумоти ин манобеъ аз ҳар вулусволӣ 30 то 70 ҷангҷӯ хоста шуда ва қарор аст барои тадовуми ҷанг ба Панҷшер фиристода шаванд.
Як манбаи дигар низ дар Ҳирот мегӯяд, ки толибон барои ҷанг дар Панҷшер аз бархе мадориси динӣ дар ин вилоят низ нерӯ ҷамъоварӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ин манба, ахиран шуморе аз шогирдони мадориси динӣ бо ҳамдеворҳояшон худо ҳофизӣ карданду қарор шудааст, ки онҳо ба Панҷшер эъзом шаванд .
Пеш аз ин низ толибон аз вилоятҳои ғарбии кишвар аз ҷумлаи Ғӯр ва Бодғис барои ҷанг дар Панҷшер нерӯ фиристодаанд.
Пас аз иваз шудани ҳокимият дар моҳи августи соли 2021 вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бадтар шуд. Дар кишвар бӯҳрони башардӯстона ба амал омад. Бар асари мунҷамид шудани дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва тарки оммавии мутахассисон боиси мушкилоти ҷиддӣ дар бахши тиб гардид.
Дар Афғонистон низ вазъи иқтисодӣ босуръат бад мешавад: қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Садҳо ҳазор нафар аз кор маҳрум ва фаъолияти молӣ дар ин кишвар башиддат коҳиш ёфтааст.
Таҳти рохбарии толибон давлат дар вазъияти вазнин қарор дорад, қашшокӣ, терроризм ва савдои маводи мухаддир дар он авҷ гирифтааст.