https://sputnik.tj/20220907/tanafusi-tuloni-khujand-rusiya-qator-ravon-video-1051235645.html
Баъд аз танаффуси тӯлонӣ аз шаҳри Хуҷанд ба Русия қатор равон шуд - видео
Баъд аз танаффуси тӯлонӣ аз шаҳри Хуҷанд ба Русия қатор равон шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Равуои қатор дар хатти рейлии сеюми миёни Русия ва Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Аввалин қатораи мусофирбарии самти Хуҷанд – Волгоград ба роҳ
2022-09-07T21:20+0500
2022-09-07T21:20+0500
2023-02-08T19:45+0500
видео
дар тоҷикистон
қатор
волгоград
мусофирон
роҳи оҳан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/07/1051235386_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_fd44b97e8ba349d44b578a9fac0e01a2.jpg
Аввалин қатораи мусофирбар баъд аз танаффуси тӯлонӣ аз шаҳри Хуҷанд ба самти Волгоград соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ бо 460 мусофир ба роҳ баромад.Қатораи мазкур баъди 2,5 шабонарӯз ба Волгоград мерасад.Аксари сокинон мегӯянд қатора нисбат ба дигар намуди нақлиёти мусофирбар бартариҳои худро дорад ва яке аз ин бартариҳо шароити озод ва арзиши роҳкиро аст, ки нисбат ба ҳавопаймо арзонтар аст.Бино ба иттилоъи масъулини Роҳи оҳан арзиши билети сафар бо қатора аз Хуҷанд ба шаҳри Волгоград вобаста ба навъи вагон 1200 – 1300 сомонӣ муқаррар шудааст.Арзону озод: масъулини “Роҳи оҳан” бартариҳои сафар бо қатораро гуфтандСурат гирифтани ҳаракати қатор аз шимоли кишвар, сеюмин масири мусофирбарӣ ба самти Русия гуфта мешавад.Рӯзи 16 август аз шаҳри Кӯлоб ва 27 август аз шаҳри Душанбе қатораҳо баъд аз танаффӯси беш аз ду сола ба роҳ баромада буданд.Ба ин тариб рӯзи сешанбею шанбеи ҳар ҳафта аз шаҳрҳои Кулобу Душанбе ва рӯзи чаҳоршанбе аз Хуҷанд ҳаракати қатораҳо ба самти Волгогради Русия дар назар дошта шудааст.Тафсилоти ҳаракати қатор миёни Русия ва ТоҷикистонМасъулини идораи роҳи оҳан мегуянд, баъди расида ба Волгоград мусофирон метавонанд тавассути дигар қатораҳои кироӣ сафари худро ба шаҳрҳои дигари Русия идома дода метавонанд.Идораи хадамоти муҳоҷират дар Суғд мегуянд, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 139 ҳазор сокини ин вилоят танҳо аз тариқи ҳавопаймо ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.
волгоград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/07/1051235386_302:0:1742:1080_1920x0_80_0_0_dfe5bd4aaf5b533821b306493fb1392e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатор, равон, хуҷанд, русия, волгоград, равон, танафус, тӯлонӣ, мусофирбар
тоҷикистон, қатор, равон, хуҷанд, русия, волгоград, равон, танафус, тӯлонӣ, мусофирбар
Баъд аз танаффуси тӯлонӣ аз шаҳри Хуҷанд ба Русия қатор равон шуд - видео
21:20 07.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Эксклюзив
Равуои қатор дар хатти рейлии сеюми миёни Русия ва Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Аввалин қатораи мусофирбарии самти Хуҷанд – Волгоград ба роҳ баромад
Аввалин қатораи мусофирбар баъд аз танаффуси тӯлонӣ аз шаҳри Хуҷанд ба самти Волгоград соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ бо 460 мусофир ба роҳ баромад.
Қатораи мазкур баъди 2,5 шабонарӯз ба Волгоград мерасад.
Аксари сокинон мегӯянд қатора нисбат ба дигар намуди нақлиёти мусофирбар бартариҳои худро дорад ва яке аз ин бартариҳо шароити озод ва арзиши роҳкиро аст, ки нисбат ба ҳавопаймо арзонтар аст.
Бино ба иттилоъи масъулини Роҳи оҳан арзиши билети сафар бо қатора аз Хуҷанд ба шаҳри Волгоград вобаста ба навъи вагон 1200 – 1300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Сурат гирифтани ҳаракати қатор аз шимоли кишвар, сеюмин масири мусофирбарӣ ба самти Русия гуфта мешавад.
Рӯзи 16 август аз шаҳри Кӯлоб ва 27 август аз шаҳри Душанбе қатораҳо баъд аз танаффӯси беш аз ду сола ба роҳ баромада буданд.
Ба ин тариб рӯзи сешанбею шанбеи ҳар ҳафта аз шаҳрҳои Кулобу Душанбе ва рӯзи чаҳоршанбе аз Хуҷанд ҳаракати қатораҳо ба самти Волгогради Русия дар назар дошта шудааст.
Масъулини идораи роҳи оҳан мегуянд, баъди расида ба Волгоград мусофирон метавонанд тавассути дигар қатораҳои кироӣ сафари худро ба шаҳрҳои дигари Русия идома дода метавонанд.
Идораи хадамоти муҳоҷират дар Суғд мегуянд, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 139 ҳазор сокини ин вилоят танҳо аз тариқи ҳавопаймо ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.